Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ХОЧАСАРТЕЗ

ХОЧАСАРТЕЗ

ХОЧАСАРТЕЗ, кухи намакест дар раёни Восеи вил. Кулоб. 10—12 км гарбтар аз ш. Кгулоб ва 15 км шимолтар аз птш Восеъ, дар сохили рости д. Яхсу (Ёгсу) вокеъ аст. Яке аз калонтарин гунбазхои намаки чахон мебошад. Андозаи гунбаз 9X11 км; баландиаш аз с. б. 980 м ва аз сатхи водии д. Яхсу 400 м. Чисми намаксанг занбуруг монанд аст, ки гунбази он дар руи замин вокеъ гашта, пояаш дар зери замин то тахнишастхои давраи юраи боло кашол ёфтааст. Гафсии намаксанг, ки ба воситаи пармачоххо муайян карда шудааст, дар кисми марказии гунбаз ва пояи он ба 2000 м ва дар канортари гунбаз аз 400 м то ба 200 м мерасад. Руи намаксангро (дар гунбаз) кабати гач (гафсиаш 15—53 м) ва чисман кабати чинсхои лёсмонанд (0—65 м) пушидаанд. Кухи намак чукурихои карстии бисёре дорад. Дар доманаи нишебихои шарки ва чануби чашмахои шур мавчуданд. Дар гузашта мардуми махалли аз чашмахои шури назди дехаи Кафтархона намак мегирифтаанд. Кони намаки Xочасартез захираи нихоят калоне дорад. Аз руи таркиб, сохт, пайдоиш ва захирааш намаки Xочасартез ба кони намаки Хочамуъмин хеле наздик аст. Кухи намаки Xочасартез аз чихати бузурги, баланди ва сохти дохили ёдгории геологи хисоб мешавад.        В. Е. Елизаров.

mumin

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …