Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ХОЧАМУЪМИН

ХОЧАМУЪМИН

ХОЧАМУЪМИН, кухи намакест дар pаёни Восеи вил. Кулоб. 4 км чанубтар аз птш Восеъ ва 24 км чан. гарбтар аз ш. Кулоб, дар сохили чапи д. Яхсу (Ёгсу) вокеъ гаштааст. Кухи Xочамуъмин яке аз калонтарин дар чахон гунбазхои намак мебошад. Тархи он аз боло доирашакл буда, аз пахлу ба конуси сарбурида монанди дорад. Диаметри гунбаз бештар аз 8 км; баландиаш аз с. б. 1336 м, аз сатхи водии д. Яхсу кариб 700 м. Тамоми кух аз намаксанги сафеди сабзтоб, бунафш ё сурхчатоб иборат аст, ки руи онро кабати (0— 1     42 м\ чинсхои гипсу ангидритдор пушидааст.

xoja-mumin

Нишебихои кухи Xочамуъмин чаридор, баъзан рости девормонанданд. Баландии чарихо 50—150 м. Чо-чо дар танаи чарихо шушахо (сталактитхо)-и намаки овезонанд. Болои кух чукурихои бисёре дорад. Сохти кухи намак ба замбуруги азиме шабохат дошта, гунбази он дар руи замин ва пояаш дар зери замин чойгир шудааст. Чукурии решаи кухи намак то имруз маълум нест. Намак дар кулхои шури охирхои давраи юра аз тахшиншаи хосил шудааст. Тахмин меравад, ки гунбази намак дар аввалхои давраи чорумин (антропоген) табакаи чинсхои болохобидаро рахна карда баромадааст. Захираи тахминии намаки Xочамуъмин 40—50 млрд т мебошад. Аз доманаю нишебихои Xочамуъмин 163 чашмаи шур чорист, ки баъзеи онхо дар заводи намаки Восеъ барои гирифтани намак истифода мешавад. Гунбази намаки Xочамуъмин аз чихати бузурги ва баландии худ яке аз ёдгорихои барчастаи геологии Точикистон ба шумор меравад.

В. Е. Елизаров.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …