Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОЧАЕВ Мухиддин Олимович

ХОЧАЕВ Мухиддин Олимович

xojaev-m-o

ХОЧАЕВ Мухиддин Олимович (тав. 3. 11. 1938, дехаи Николо Александровское, pаёни Азгир, кишв. Ставрополь), нависандаи советии точик. Аз оилаи собик мударрис. Аъзои КПСС аз с. 1979. УДТ (1961) ва Курси олии сценарии Госкинои СССР-ро (1964) хатм кардааст. Мудири шуъбаи наср (1962), котиби масъули ж. «Садои Шарк» (1966—68), мухаррири калони дубляж дар киностудияи «Точикфилм» (1964—66), сармухаррири иттиходияи «Точиктелефилм» (1971—75), мушовири ИН Точикистон (1975 —79), муовини сармухаррири ж. «Садои Шарк» (1979—86) буд. Аз апр. 1986 муовини Раиси Комитети давлатии РСС Точикистон оид ба кинематография.

Эчодиёти Xочаев аз аввали солхои 60 бо хикояхои хурд огоз ёфт. Мачмуаи нахустинаш «Ба чои узр» (1984). Xочаев дар хикоя бештар ба падидахои ноаёни хиссу хаячони инсон диккат додааст, ки ин чихат дар асархои калонаш инкишоф ёфт. Хусусияти дигари эчодиёти Xочаев,— мухтасаргуи ва мучазбаёнист.

Аз охири солхои 60 ба тадкики масъалахои зиндагии синфи коргар майл пайдо кард (повести «Дилро ба дил рахест», 1970; романи «Об — рушнои», к. 1—1972, к. 2—1975, к. 3— 1977). Дар ин роман масъалаи худшиносии маънавию ахлокии шахс ба миён гузошта шудааст. Ин масъала дар романи дигари Xочаев. «Нанг ва номус» (кит. 1—1361) ва кит. 2-юми он «Ростиро завол нест» (1966) низ мавкеи намоён дорад.

Xочаев дар сохаи кинодраматургия хам кор мекунад. Киностудияи «Точикфилм» аз руи сценарияхои у филмхои «Хокистари сузон» (1966), «Асрори кабила» (1970; аз таърихи инкилобии Ёкутистон) -ро ба навор гирифтааст. Асархояш ба руси, украини, узбеки, литвони, киргизи ва г., инчунин ба немиси, испани, поляки, булгори ва г, тарчума шудааст. Дорандаи Мукофоти комсомоли РСС Точикистон (1980). Бо ордени «Нишони Фахри» ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон сарфароз гардидааст.

Ос.: Нони халол. Хикояхо ва повесть, Д., 1971; Нишони мехр. Хикояхо, кисса ва кинодрама, Д., 1974. М. Шукуров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.