Маълумоти охирин

ХИНЧАК

ХИНЧАК, пистахасак (Рistasia mutica), дарахти худруест аз чинон писта (оилаи татумихо). Дарахти сершоху сербарг буда, 8—20 м кад мекашад. Баргаш пармонанд, мураккаб (аз 5—9 баргча иборат);

баргчааш байзашакл ё дарозруя (3 —5 см). Мевааш майда (диаметраш 0,5—0,8 см), сурхтоб, нохурданист.

Хинчак (шохчаи мевадор).

Магзашро баъди бирён кардан истеъмол намудан мумкин. Магзаш то 60% равгани техники дорад. Кунчорааш барои чорво хуроки сергизост. Зифти хушбуи Хинчакро барои тайёр кардани скипидар, инчунин дар саноати локу ранг истифода мебаранд. Самгу шоху танаи Хинчакро чун «сакич»-и хушбуй мехоянд. Чуби Хинчак хеле сахт, вазнин ва базеб аст, дар чубкори, харроти ва кандакори ахамияти калон дорад.

Хинчак асосан дар кишвархои Осиёи Хурд, Афгонистон, инчунин СССР (Крим, кисми шимолу гарбии Кавказ, нохияхои даштии Закавказия) меруяд. Дар Точикистон Хинчакро чун дарахти ороиши аз соли 1935 инчониб мепарваранд.         М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …