Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯ

ХИМИЯ

ХИМИЯ, илмест, ки табдили моддахо, тагйири таркиб ва сохти онхоро меомузад. Таърихи пайдоиши истилохи «химия» чандон маълум нест. Бино ба акидаи аксар тадкикотчиён, химия аз номи кадимаи Миср — Хемия (аз «хем» ё «хеме» — сиёх гирифта шуда, илми «сарзамнни сиёх», (илми «Миср»-ро ифода мекунад) ба вучуд омадааст.

ximiya

Xимия бо як катор илмхои дигар (физика, биология, геология, геохимия, биохимия, геобиохимия ва гайра) ва хамаи сохахои хочагии кишлок сахт алокаманд аст. Xимия ба ду кисми асоси (химияи ноорганики ва химияи органики) чудо мешавад. Пайдоиш ва тараккиёти химия таърихи бисёрсола дорад. Дар Миср, Хитой, Хиндустон ва дигар мамлакатхо металлхои ранга (баъдтар металлхои сиёх), рангубор, шиша ва гайра истехсол менамудаад. Ахолии Миср, Юнон, Рим ва гайра моддахои аз табиати зинда ва гайризинда хосилкарда (масалан, сулфур, симоб, сулфати мис, карбонати охан ва гайра)-ро чун дорувор истифода мебурданд. Асрхои 3—4 м. кимиё ба вучуд омад. Кимиёгархо солхои зиёд ба чустучуи кибрити ахмар, «оби хаёт» ва гайра машгул буданд. Онхо бисёр моддахоро кашф карда, чараёни реаксияхои химиявиро омухта, дар ташаккули химия сахми арзанда гузоштанд. Дар инкишофи химия сахми олимони точику форс — Закариёи Рози, Абурайхони Беруни, Абуалии Сино ва дигар арзанда аст. Аз давраи эхё сар карда, дар натичаи тараккиёти истехсолот дар кимиё сохахои амалии химия (металлургия, шишагари истехсоли сафол, рангубор) ривоч ёфтанд. Баъдтар ягрохимия ба вучуд омад. Нимаи дуюми асри 17 олими ирланди Р. Бойл нодурустии тасаввуроти кимёгаронро оид ба элементи химияви исбот вамуд ва аввалин шуда, мафхуми илмии элементи химиявиро пешниход кард. Аз нимаи дуюми асри 19 сар карда, дар химия тахлили сифати ва тахлили микдори ривоч ёфт. Соли 1748 М. В. Ломоносов конуни бакои массаро кашф намуд. Минбаъд конуни эквивалентхои Рихтер (1792 —1802), конуни нисбатхои доимии Пруст (1799—1806) конуни каратии Далтон (1802—08), конунхои ГейЛюссак (1805—08) ва Авогадро (1811), конуни изоморфизми Митчерлих (1818—19), конуни гармигунчоиши хоси Дюлонг ва Пти (1819) ва гайра кашф шуданд. Дар давоми 60 соли асри 19 ду мафхуми асосии химия — вазни атом ва валентноки ё «атомноки» ба амал омад. Оид ба сохти моддахои органики назарияхои нахустин — назарияи радикалхо ва назарияи навъхо ба вучуд омаданд. Соли 1861 А. М. Бутлеров назарияи сохти химиявиро пешниход намуд. Соли 1869 Д. И. Менделеев системаи даврии элементхоро тартиб дод. Баъдтар у дар заминаи ин система конунеро кашф кард, ки Конуни даврии Менделеев ном дорад. Дар тараккиёти химия хиссаи дигар олимони рус ва совети Н. О. Зелинский, В. В. Марковников, Н. Н. Зинин, А. Н. Бах, С. Н. Курнаков, Н. Н. Семенов, А. Н. Несмеянов, П. А. Ребиндер ва дигарон низ калон аст. Аз миёнаи асри 20 сар карда, дар баробари усулхои классикии муайян намудани таркибу сохти моддахо усули воситахои физикию математикиро низ васеъ истифода мебаранд.
Дар Точикистон бид ба сохахои гунотуни химия дар Институти химияи Академияи Фанхои РСС Точикистон, кафедрахои химияи Университети Давлатии Точикистон ва Институти тиббии Точикистон ва дигар мактабхои олии республика тадкикот мебаранд. Дар инкишофи РСС Точикистон сахми В. И. Някитин, П. М. Соложенкин, Э. У. Нуъмонов, И. Д. Глухов, С. С. Собиров, 3. А. Румянцева, Ч. Ч. Икроми, А. А. Вахобов, Д. Н. Почочонов ва дигарон. арзанда аст.
Адабиёт: Некрасов Б. в., Осиовы общей химии, ч. 1—2, Москва, 1973; Джуа М., История химии Москва, 1975; Быков Г. В., История органической химии, Москва. 1975; Манолов К., Великие химики, том 1— 2, М., 1976; Глинка Н. Л., Общая химия, Л., 1976; Азимов А.. Краткая история химии, Москва, 1983. М. Самиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …