Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ НООРГАНИКИ

ХИМИЯИ НООРГАНИКИ

ХИМИЯИ НООРГАНИКИ, Xимияи гайриорганики, илмест оид ба элементхои химияви ва пайвастхои соддаю мураккаби онхо (гайр аз пайвастхои карбон, ки онхоро химияи органики меомузад). Таърихи инкишофи химияи ноорганики бо таърихи умумии химия сахт алокаманд аст (мухимтарин комьёбихои химияи охири асри 18— аввали асри 19 масалан ба вучуд овардани назарияи оксигении сузиш, кашфи конунхои стехиометрия натичаи омузиши моддахои ноорганики буд).

ximiya

Конунидаври ва системаи даврии элементхои Менделеев-асоси назариявии химияи ноорганики аст. химияи ноорганикии муосир сохт ва хосиятхои моддахои ноорганикиро на танхо бо усулхои химияви, балки бо усулхои физики (масалан, опектроскопия) низ меомузад. химияи ноорганики асоси илмии саноати химияви (истехсоли намакхо, кислотахо, ишкорхо) ва металлургия мебошад. Адади пайвастхои ноорганики даххо хазоранд. Комёбихои химияи ноорганики ба вучуд овардани масолехи техникии навтарин хулахои гуногун, нимыокилхо, фавкуднокилхо, масолехи сохтмон, оксидкунандахо, сузишвории киштихои кайхони ва гайраро таъмин мекунад.
Дар Институти химияи Академияи Фанхои РСС Точикистон доир ба сохахои гуногуни химияи ноорганики (химияи фторидхо, химияи элементхои нодир ва пахншуда, химияи металлхои асил ва хулахои онхо, химияи моддахои флотасиони ва гайра) тадкикот мебаранд.

Дар борамон

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …