Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ СУРИЁНИ

ХАТИ СУРИЁНИ

ХАТИ СУРИЁНИ, хатест, ки барои сабти осори забони суриёни истифода мегардид. Дар заминаи хати ороми пайдо шуда, ба монанди он 22 харфи хамсадоро дар бар мегифт. Дар осори хаттии мансуб ба асрхои 1-2 харфхо аз якдигар чудо ва равшану хоно навишта шудаанд. Вале баъдтар харфхои ба якдигар васлшуда зиёдтар гардиданд. Ин тарзи хат махсусан дар дастнависхо бештар ба назар мерасад. Машхуртарин шакли хати суриёни эстрангело ё эстрангела мебошад, ки миёнаи хазораи 1 маъмул буд. Баъдтар (такрибан соли 489) забон ва хати суриёни ба ду шоха — настури ва яъкуби (серто) таксим гардид. Шохаи настурии хати суриёни дар шахри Нисибияи тобеи давлати Форс, шохаи яъкуби дар шахри Эдесса мавриди истифода карор ёфта буданд. Катибаи кадимтарнни хати суриёни (руи санги мазор) ба соли 73, дастнавнс (китоб)-и кадимтарини хати суриёни ба соли 411 мансуб аст. Ба хати суриёни аксар матнхои сугдии насрони (асрхои чадид, дуохо, сурудхои мутантан) ва матнхои насронии ба забони форсии нав навишташуда боки мондаанд.

Адабиёт: Основы иранского языкознания. Среднеиранские яаыки, Москва, 1981.

А. Хромов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …