Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ СУГДИ

ХАТИ СУГДИ

220px-sogdian_christian_text_written_in_estrangelo

ХАТИ СУГДИ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони сугди истифода шудааст. Дар асоси хати ороми хазораи 1 то мелод дар Сугди Кадим юстироъ шуда, 23 аламатро дар бар мегирифт. Нахустин осори он ба асри 1 то мелоди мансуб аст.

Аломатхои хати сугдиро нахустин бор олими франсави Р. Гото транслитерасия кардааст.

Дар хати сугди аввалхо харфхои ба якдигар васлшуда (лигатурахо) кам буданд, хар як харф тарзи навишти чудогона дошт ва онхоро аз якдигар ба осони фарк кардан мумкин буд. Дар аввали асри 6 «хати сутра»— хати шикастаи номукаммали сугди ташаккул ёфт, ки то асри 10 маъмул буд. Ба ин хат осори дини буддои навишта шудааст. Хати шикастаи мукаммал такрибан миёнаи асри 8 ба вучуд омадааст. Ба он хуччатхои кухи Муг, катибахо аз Афросиёб, Панчакент, осори динхои буддои ва насрони навишта шудаанд. Дар хати шикаста харфхои восила зиёдтар истифода гардида, аломатхоро аз якдигар фарк кардан мушкилтар аст.

Шикастаи мутааххири хати сугди, ки баъзан онро «сугдии уйгури» ва  «уйгури» мегуянд, асрхои 9—11 ташаккул ёфтааст. Дар шикастаи мукаммал ва хати «сугдии уйгури» барои аз якдигар фарк кардани харфхо аломатхои диакритики (нуктахову аломатхо дар зеру болои харфхо) маъмул гардидаанд. Истифодаи аломатхои диакритики ба ихтиёри котибон буд.

Ба гайр аз хати умумисугди боз ду навъи хати сугди (хатхои махалли) маъмул буд, ки яке аз онхоро бухорои (навиштачоти расмии давлати) ва дигарашро истаравшани (катибахои руи зарфе аз Мунчоктеппа ёфтшуда) номидан мумкин аст. Дар ин ду махал ба гайр аз хатхои зикршуда хати умумисугди истеъмол мешуд.

Осори маълуму машхури хати сугди сиккахои асри 1 то мелод, «Номахои бостон», порчаи афсона дар бораи Рустам, асари буддоии «Веоантра-чатака», Хучуатхои калъаи Муг, катибахои Афросиёб, Панчакент ва гайра мебошанд.

Адабиёт: Основы иранского языкознание. Среднеиранские языки, Москва, 1981.

А. Хромов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …