Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ПОРТИ

ХАТИ ПОРТИ

ХАТИ ПОРТИ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони порти истифода бурда мешуд. Алифбои порти тамоми 22 харфи хати оромиро бо баъзо тагйирот дар бар мегирифт. Шакли харфхо дар катибахои сафолпорахо, ки аз Нисо, Камис ва Кушатеппа ба даст омадаанд, ба хати «империягии ороми» (хате, ки дар давлати Хахоманишиён истифода мебурданд, асрхои 6—3 то м.) монанд мебошанд. Бисёр харфхо дар навишт шаклхои гуногун доранд. Xати порти ду навъ аст: кадим ва нав. Дар хати портии нав барои фарки харфхои d ва r, ки тарзи навишташон як хел аст, дар зери d аломати диакритики мегузоштанд. Дар хати порти хузворишуо фаровонанд, ки ба калимасозии хати «империягии ороми» дар дабирхонахои Хахоманишиён мансубанд. Аз даврахои кадимтар (то Сосониён) осори кам боки мондааст. Навиштачоти асосии порти дар давраи Сосониён ба миён омадаанд (Катибаи Пайкули, Катибауои Шопури 1 ва гайра).
Адабиёт: Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. Москва., 1981.А. Хромов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …