Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ МЕХИ

ХАТИ МЕХИ

ХАТИ МЕХИ, хатест, ки ба рохи дар тахтачахои гилин кашидани хатчахои мехмонанд ба вучуд омада, дар Осиёи Пеш (давлати Шумер) маъмул буд. Он дар асоси хати тасвири (пиктография) пайдо шудааст. Дар натичаи инкишофи минбаъдаи хати мехи аломатхо (тасвирхо) барои ифодаи хичохо истифода мешуданд ва дар хамин асос хатхои хичоиву калимаи ба миён омаданд.

mexi
Самти хати мехи дар огози пайдоишаш амуди, аз рост ба чап буд, баъдтар сатр ба сатр (уфуки) аз чап ба рост шуд. Аккадхо (бобулиён ва ошуриён) дар миёнаи хазораи 3 то мелод хати мехиро ба забони худ мутобик сохта, шумораи аломатхои онро ба, 300 расониданд. Системаи аккадии хати мехи берун аз худуди Байнаннахрайн интишор ёфт ва ба забонхои элами, хуррити, хетти, урарти мутобик карда шуд.
Ёдгорихои хати мехи дар зарфу ашёи чоркунча, панчкунча, тахтасангхо аз хама бештар, тахтачахои гилин дар мавзуъхои таърихи, адаби ва гайра боки мондаанд. Ба хати мехи хуччатхо, асархои таърихи, хамосахо, лугатхо, рисолахои математики, матнхои дини ва гайра навишта шудаанд.
Навъхои машхури хати мехи угарити ва эрони мебошанд. Пас аз рамзкушоии хати мехии форсии кадим солхои 50 асри 19 хати мехии аккади рамзкушои карда шуд.
Адабиёт: Фридрих И., Историн писма, Москва, 1981′

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …