Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ФИНИКИ

ХАТИ ФИНИКИ

ХАТИ ФИНИКИ, як навъ хатест, ки финикихо, карфагенихо, яхудиёни кадим ва дигар дар давлатхои кадимии Финикия, Сурия, Фаластин,кисман дар Миср, чазираи Кипр Киликия (вилояте дар Осиёи Хурд), Карфаген ва гайра истифода мекарданд. Осори хати финики ба нимаи дуюми хазораи 2 то мелод— асри 4 то мелод мутаалликанд. Сарчашмахои пайдоиши хати финики пурра таъин нагардидаанд. Акидаи муътабартарин ин аст, ки хати финики аз хати хичои ва 6 хамсадоии канъонии кадим (манбаи бисёр хатхои Мисри Кадим) пайдо шудааст. Дар хати финики 22 харфи хамсадо вучуд дошт. Баъдтар аломатхо барои ишораи садонокхои дароз пайдо шуданд. Кариб хамаи системаи хатхои харфию овози, аз чумла ду шохаи калони хатхо — хати ювони ва хати ороми, ки манбаи бисёр хатхоя гарби ва шарки мебошанд, аз хати финики ибтидо гирифтаанд. Масалан, алифбои араби, ки манбааш хати оромист, аз руи ному маънии харфхо ва кисман аз руи шакли онхо ба хати финики мутобик аст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …