Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТХОИ ХИНДИ

ХАТХОИ ХИНДИ

ХАТХОИ ХИНДИ, гурухи хатхои Осиёи Чан. Шарки, ки манбаи умумии пайдоиш ва принсипхои ягонаи сохти алифбои доранд.
Кадимтарин навъи хати Хиндустон катибахои иероглифии рамзкушои нашудаи мухрхо (хазораи 3—2 то мелод) мебошанд, ки аз Мохенчо Даро ва Хараппи ба даст омадаанд. Нахустин осори адабии рамзкушоишуда ба асри 3 то мелод тааллук дорад ва ба хати хичоии брахми навишта шудааст. Аксари хатхои хинди дар асоси брахми ки аз чап ба рост навишта мешуд, ба миён омадаанд. Баробари брахми асрхои 3 то мелод—5 мелоди дар Хиндустон хати кхароштхи низ вучуд дошт.
Ин хат хиндубохтари буда, дар асоси хати ороми такмил ёфтааст. Кадимтарин катибаи хати кхароштхи ба асри 3 то мелод, охиринаш ба асрхои 4—5 мансуб аст. Баъдан чои хати кхароштхиро хати брахми гирифт, Дар асоси он се шохаи хатхои хинди— шимоли, чануби, чанубу шарки ба миён омаданд. Ба шохаи шимолии хатхои хинди хатхои гупти (асрхои 6—10), хати тибети, (асри 7), нагари (асрхои 7 —8) шакли токомулёфтаи он — деванагари маъмултарин алифбои Хиндустони Шимоли барои сабти осори забонхои хинди, маратхи ва санскрит аст), шарада (асри 8), невари (асри 12), хати банголи (дар асри 15 пурра ташаккул ёфтааст), хати ория, хати гучароти; гурмукхи (асри 16), кайтха, махачони ва гайра дохил мешаванд.
Ба шохаи чанубии хатхои хинди, ки шакли харфхояшон асосан мудаввар аст, хатигрантха (асрхои 5—6) ва алифбои чор забони имрузаи Хиндустони Чануби: каннада ва телугу (а. 5), малаяли (асрхои 8—9) ва тамили (асри 7) мутаалликанд.
Хатхои дар асоси хати кадимии пали ташаккулёфта: сингали, бирмаги, кимери, лаоси, таи, хатхои кадими Хиндухитои ва Индонезия, ки асосан берун аз хоки Хиндустон инкишоф ёфтаанд, ба шохаи чанубу шаркии хатхои хинди мансубанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …