Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАСАКИ ОБИ

ХАСАКИ ОБИ

ХАСАКИ ОБИ, кастонаи оби, чилим, чормагзи ачина (Trapa natans), як навъ гиёхест оби (аз оилаи хасакобихо — Тгарасеае). Пояи он (дарозиаш 2—4 м) тавассути «чормагз» (хасак)-и лангармонанд ва решахои буртоби риштамонандаш растаниро аз каъри об махкам мекунад. Дар вактхои обхези пояхои он аз каъри об канда мешаванд ва дар об шино карда, дар чойхои камоб боз реша меронанд. Гулаш майда (диаметраш 8—10 мм), сафед, баъзан гулоби. Мевааш яктухма, 2 ё 4-то «шохак» дорад; дар каъри лойка то 10 (аз руи маълумоти дигар то 45) сол кобилияти сабзишашро гум намекунад. Одатан дар хавзхои оби ширин, кулхо, дарёхои сустчараён нумуъ меёбад. Дар Точикистон хасаки обиро дар гулхавзи боги ботаникии институти Ботаника мепарваранд.

35542
Магзи хасакро аз кадим инчониб истеъмол мекунанд. Онро Абуалии Сино ва Абурайхони Беруни чуи растании гизои ва доруи ном бурдаанд. Магзи онро тару тоза, чушонда, бирён карда, инчунин дар таомхои2 гуногун истифода мебаранд. Аз магзи хушки хасак орд мекашанд ва бо орди гандум омехта нон мепазанд. Меваи хасаки обичун растании гизои дар Хиндустон, Хитой, Япония ва Африка мавкеи муким дорад. Масалан, дар Африкаи Маркази аз кар га (дар кулко) то 600 кг «кастонаи оби» (таъми магзаш мисли кастона аст) мегундоранд. Магзк хасаки оби хуштаъм ва сергизост. Он 15 фоиз охар, то 7,5 фоиз равган, беш аз 3 фоиз глюкоза, 15 фоиз моддахои нитрогендор ва гайра дорад. М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …