Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХАРГУШИ

ХАРГУШИ

ХАРГУШИ, Xаргушии I ва II, кабристони мансуб ба асрхои 5—3 то м., ки чанубу —шарктари дехаи Харгушии раёни Ишкошими ВАБК вокеъ аст. Xаргушии 1-ро бостоншиносон А. Н. Бернштам (1948) ва Б. А. Литвинскпй (11959) тадкик намудаанд. Аз он 11 пушта кушода шуд. Андозаи пушта ва кабрхои Xаргуши, гуногун буда, дар онхо часадхоро ба таври гуногун гуронидаанд.
Соли 1960 бостоншинос М. Бубнова 1,5 км шарктар аз дехаи Харгуши кабристони Xаргуши II-ро кашф кард, ки он аз 10 пушта иборат аст. Пуштахо дар масофаи 300 м пароканда чой гирифтаанд. Дар кабр хамрохи майит гушворахои нукрагию биринчи, тугмахои садафи, мухрахои киматбахо, дегчаи гушакдор, зарфхои гуногун, бокимондан матоъхои пашми, шонаи чуби, дастпона, нигин, корд ва бисёр дигар асбобхои зебу зинат ба даст омаданд.
Адабиёт: Литвинский Б. А., Древние кочевники.«Крыши мира», Москва, 1972.
У. Бобоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …