Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАНЧАРИ

ХАНЧАРИ

ХАНЧАРИ, агава (Аgаvа), як чинси растанихои бисёрсола аз оилаи ханчарихо. Ханчариро дар СССР чун растании ороиши ва бештар дар гармхонаи богхои ботаники, богу чорбоги сохилхои бахри Сиёхи Кавказ ва чануби Крим мепарваранд. Ба парвариши ханчариро дар Боги ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанхои РСС Точикистон соли 1936 сар кардаанд; то ин дам беш аз 26 намуди он (масалан, А. аtteniata, А. fегох, А. filifега, А. зtricta, А. univittata, А. victiriae-reginae, А. Americana ва гайра)-ро ба шароити махал мутобик намудаанд. Махсусан ханчарии америкои (А. атепсапа) дар сабзкории богу чорбогхои республика солхои охир маъмул шудааст. Ин навъи ханчари гиёхи бисёрсолаест, ки барги чармгуни бедумча (дарозиаш то 3 м) ва сабзи хокистарранг дорад. Гулпояаш то 12 м кад мекашад; дар он то 4 хазор гули зарди сабзтоб батадрич, (аз июн то сентябр) мешукуфад. Ханчариро аз тухм ва бештар аз бехчаст (дар гулдону зарфхои дигар) зиёд мекунанд.

xanjariho
Ханчарии америкои)
Хиндиён магэи пояи ханчарии худруйро дар оташ пухта, гулашро дар об чушонида мехуранд ва аз нуги думчаи баргаш орд мекашанд. Инчунин аз баргаш нах мегиранд ва аз он матои дурушт ва аргамчин мебофанд; когаз, дору ва нушоки тайёр мекунанд.
Адабиёт: Верзилин Н., Путешествие с домашними растениями, Москва— Л., 1951; Жизн растений, том 6, Москва 1982.
В. В. Вилисова.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …