Маълумоти охирин

ХАМРИЁТ

ХАМРИЁТ (аз араби — май, шароб, бода), ашъореро гуянд, ки дар васфи май, майгусори, тарзи тайёр кардаии шароб, шароиту шартхои истеъмоли сода, базмхо ва гайра эчод шудаанд. Xамриёт дар адабиёти тоисломии араб [кисми насиби касидахои Амр ибни Кулсум, Абумалик Гиёс ибни Гавс (640—710)) ба вучуд омада, баъдтар дар эчодиёти Абинувос ба жанри мустакил табдил ёфтааст. Аз «Суруди оташкадаи Каркуй», тасвири базмхои чамшеди ва тавсифи маю мусики дар «Шохнома»-и Фирдавси бармеояд, ки хамриёт дар адабиёти кадими точик низ вучуд доштааст. Намунаи хамриётро дар эчодиёти Рудаки (касидаи «Модари май» ва баъзе шеърхои дигар) дарёфтан мумкин аст. Масалан, Рудаки гуфтааст:
Биёр он май, ки пиндорй равон ёкутиноб асти
Ва ё чун баркашида тег пеши офтобасти.
Дар эчодиёти намояндагони адабиёти классикии форс-точик — Манучехри, Фаррухи, Хофиз («Сокинома») ва дигар хамриёт ба назар мерасад.
С. Имронов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …