Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХАЛКИЯТ

ХАЛКИЯТ

ХАЛКИЯТ, умумияти таърихан ташаккулёфтаи забони, территорияви, иктисоди ва мадании одамонро гуянд, ки пеш аз миллат ба вучуд меояд. Ташаккули халкият аз давраи муттахидшавии кабилахо ибтидо мегирад. Он дар натичаи омезиши кабилахо ба вукуъ омада, алокаи хешутабории одамон ба робитаи территорияви табдил меёбад. Xалкият одатан аз чанд кабилаи аз чихати пайдоиш ва забон ба хам наздик ва ё аз кабилахои гуногунзабон дар натичаи як кабиларо тасарруф намудани кабилаи дигар ба вучуд меояд.

xalk
Дар чараёни ташаккули халкият забони яке аз чузъхои этники (нисбатан сершумор е бештар инкишофёфта) ба забони умумии халкият табдил меебад, забони кабилахои дигар бошад, дар шакли шева ё лахча боки мемонад ва баъзан тамоман аз байн меравад; умумияти территорияви, мадани ва хочаги бо як номи умуми ташаккул меёбад. Масалан, ба акидаи акад. Б. Гафуров, просессхои этникие, ки аз даврахои кадим дар Осиёи Миёна сурат мегирифтанд, боиси пайдоиши сугдиён, хоразмиён, фаргонагихо, тахористонихо барин халкиятхои гуногун гардиданд ва хар кадомашон сохиби маданияти худ буд.
Пайдоиши давлат ба мустахкамшавии халкият мусоидат намуд. Вале дар чараёни инкишофи Таърихи халкиятхо баъзан метавонистанд бо давлат аз чихати территория ва забон мувофикат накунанд. (Масалан, халкиятхои Осиёи Миёна дар хайати Хилофати араб).
Дар натичаи инкишофи муносибатхои капиталисти ва пурзур шудани робитахои иктисодию фарханги халкиятхо ба миллатхо табдил меёбанд. Дар СССР баъзе халкиятхо (точикон, туркманхо, киргизхо ва монанди инхо) мархалаи капиталнстии инкишофро аз сар нагузаронда, ба миллат табдил ёфтаанд. Маъмулан баъзе халкхои камшуморе, ки дар як территория зиндаги мекунанд (як кисми халкхои Шимол, Догистои ва гайра) ба халкият мансуб дониста мешаванд.
Бархам хурдани системаи мустамликадории импернализм ва истиклолияти давлати ба даст овардани бисёр мамлакатхои Осиёву Африка просесси муттахидшавии этники ва суръати худшиносии миллиро тезонид. Аз гуруххои этникии территориявии кабилави халкият ва миллатхои нав ташаккул меёбанд.
С. Чононов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …