Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХАЛКИЯТХОИ БАДАХШОН

ХАЛКИЯТХОИ БАДАХШОН

ХАЛКИЯТХОИ БАДАХШОН, точикони Бадахшон (Помир), халкхои эронинажоди Вилояти Автономии Бадахшони (ВЛБК)-и РСС Точикистон (вахонихо, ишкошимихо, шугнонихо, рушонихо, бачуйхо, бартангихо, язгуломихо, Бадахшони РДА (асбагихо ва сангличихо), Райони Автономии Синзяну Уйгури РХХ (сарикулихо)-ро гуянд. Аз чихати антропологи ба нажоди помиру фаргонаги мансубанд. Диндорои мусулмонони исмоилимазхабанд. Дар оила ба забонхои помири гап мезананд. Забони адаби ва гуфтугуии байни халкиятхои Бадахшон аз кадим точики буд ва осори илмию адабии ахли маданияти онхо ба ин забон навишта шудааст.

pamir
Дар ибтидои асрхои миёна дар сарзамини Помир сакоихо маскун буданд ва минбаъд дар заминаи онхо халкиятхои Бадахшои ташаккул ёфтанд. Просесси ташаккули халкиятхои Бадахшон якчанд аср давом кард.
Xалкиятхои Бадахшон дар хочагидори, маданияти моддию маънави ва муносибатхои ичтимои умумияти зиёде доранд. Онхо чун точикони водии кухистон аз кадим асосан ба дехконию чорводори машгул буданд. Дехконон гандум, чав, чавдор, нахуд, бокило ва гайра кишт мекарданд. Дар чорводори бошад, буз, гусфанд, кутос ва асп мавкеи калон дошт. Умуман хочагии халкиятхои Бадахшон то Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр натурали буда, ахоли эхтиёчоташро бо махсулоти истехсолкардаи худ таъмин менамуд. Дар байни бадахшонихо баъзе навъхои хунарманди — бофандаги, харроти, чуроббофи, заргари, косатароши, охангари ва гайра ривоч ёфтаанд.
Маданиятн моддии халкиятхои Бадахшон (истикоматгох, сарулибос, хурок) пеш кариб як хел буд. Дехахо одатан дар водии дарёхо, доманакуххо ва нишебихо бунёд меёфтанд. Хар деха аз 10 то 50 хонавода дошт. Манзилгоххон халкиятхои Бадахшон ба хонахои точикони Дарвоз хеле монанд буданд.
Дар гузашта сарулибосро аз матоъхои дастбофт медухтанд. Дар Язгулом, Рушон, Шугнон баъзан карбос (барои курта) мебофтанд. Либоси мардона асосан аз куртаи пашми ё карбоси, эзор (тамбун) ва чакмани пашми иборат буд. Онхо чуробу чоруки кутохи тагаш нарм (пех) ва кафши чуби мепушиданд.
Дар арафаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр дар байни халкиятхои Бадахшон муносибатхои патриархалию авлоди вучуд доштанд. Хар як авлод (дар язгуломихо кавм, дар шугнонихо гуру, дар вахонихо тух, дар ишкошимихо кунда) бо хешутабори (аз тарафи падар) ба хам алока доштанд. Асоси оилахои халкиятхои Бадахшонро оилаи калон ташкил медод, ки дар он роли асосиро мардхо мебозиданд. Занхо дар оила нисбатан озод буданд.
Маданияти маънавин халкиятхои Бадахшон низ чихатхои хоси худро дошт. То Револютсияи Октябр аксари ахоли бесавод буд. Дар чанд мактаби диние, ки дар Помир вучуд дошт, асосан фарзандони давлатмандон тахсил мскарданд. Баъди ба Россия хамрох шудани Помир дар Хоруг як мактаби махаллии руси кушода шуд. Эчодиёти дахонии халкиятхои Бадахшон гани ва гуногунмазмун буд. Онхо афсона, зарбулмасалу макол, суруду киссахо меофариданд. Сурудхои лалаик, дудувик, даргилик (намудхои сурудхо) бештар пахн гардида буданд. Асбобхои мусикии халкиятхои Бадахшон аз рубоб, панчтор, танбур, гижак, най, сурнай, доира, тавлак ва гайра иборат буд.
Баъди барпо гардидани Хокимияти Совети дар сохахои гуногуни хаёти халкиятхои Бадахшон тагйироти кулли ба амал омад. Кисми зиёди халкиятхои Бадахшон дар хочагихои коллективи муттахид гардиданд. Дар солхои Хокимияти Совети дар Помир мутахассисони зиёди маълумоти олидор ба камол расиданд ва холо онхо дар сохахои гуногуни хочагии халк ва илму маданият кор мекунанд. Дар СССР халкиятхои Бадахшон тадричан бо точикон омезиш ёфта, миллати ягонаи сосиалистиро ташкил медиханд (хангоми баруихатгирии ахоли соли 1970 хамаи сокинонн ВАБК худро точик номиданд). Бадахшонихое, ки дар хорича маскунанд, тарзи зиндагии анъанавии худро махфуз дошта, ба дехкони, чорводори, шикор ва хунарманди машгуланд.
М. Рахимов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …