Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАЙЗУРОН

ХАЙЗУРОН

ХАЙЗУРОН, хайзарон, хизурон, найи хинди, табошир, бомбу, бомбук, як навъ гиёхи хушадори дарахтмонандест, ки аз он табошир мегиранд; як чинс (Ваmbusa) ва зероилаи гиёххои яксола ва бисёрсолаи хушадор — хайзуронихо (Ваmbusoidae)-ро гуянд. Аксари хайзуронихо реша, поя доранд. Пояи онхо одатан чубмонанд ва банд-банд мешавад. Хайзуронихои Америкаи Чануби (Ваmbusa) то 30 м (диаметри пояашон то 20 см) ва Осиёи Чануби (Dendrocalamus) то 40 м кад мекашанд. Баъзе хайзуронихо дар як шаборуз то 1 м месабзанд.

taboshir

Хайзуронихое, ки пояи чубмонанд доранд, дар 30— 120 сол як маротиба гул мекунанд ва баъд одатан нобуд мешаванд (монокарпик); хайзуронихои дигар хар сол мешукуфанд (поликариик).
Такрибан 50 чинс (600 намуд)-и хайзуронихо маълуманд. Аксар дар нохияхои тропики ва субтропикии Осиёи Чанубу Шарки, галачазираи Малай, инчунин Африка ва Америка меруянд. Дар СССР (чазирахои Курил, Сахалин) низ якчанд намуди хайзуронихо месабзанд. Дар сохили бахри Сиах (асосан Кавказ) кариб 20 намуди онхоро мепарваранд. Хайзурон гиёхи доруи, ороиши ва техникист. Назар ба гуфти Закариёи Рози ва Абурайхони Беруни аз магхи хайзурон табошир мегирифтаанд, ки навъхои гуногун доштааст ва онро аз Хиндустон меовардаанд. Абуалии Сино бо табошир иллати дил, меъда ва гайраро табобат мекардааст. Аз пояи чубмонанди хайзурон хона, мебел, гулбаи обгузар, сабад ва гайра месозанд; навдаи навхез ва тухмашро дар таом истеъмол мекунанд. Магзи навдаи хайзурон шираи ширин («канди хайзурон») дорад. Манучехри гуфтааст:
Маи заъфарон хур зи дасти буте,
Ки гуи казибест аз хайзурон.
Адабиёт: Гинкул С. Г., Бамбуки и их культура в СССР, Батуми, 1938; Жизнь растений, том 5(1), Москва, 1980.
М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …