Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАЙР ва ШАР

ХАЙР ва ШАР

ХАЙР ва ШАР, аз мафхуасхоп мухими фалсафаи амалии Шарк буда, дар таърихи афкори маънавии точикон накши равшане дорад: дар таълимоти зардуштия ва монавия мухимтарин категорияи ахлокист. Дар Авесто хамаи мавчудот ба ду кутби мукобил — олами хайру олами шар таксим шуда, рамзи олами хайр нур ва олами шар зулмат дониста шудааст. Дар таълимоти дуалисти (санавият)-и зардуштия олами нур ва хайру адолат дар шахси Хурмуз ва олами зулмат ва шарру разолат дар шахси Ахриман зохир шуда, муборизаи оштинопазири кушвахои некию бади огоз ефтааст. Дар муборизаи Хурмуз ба мукобили Ахриман ва ёроли бади у (девон) шаш эзиди неки Хурмуз, ки дар Авесто бо номи «имшоспандон» ёд шудаанд, ёри мерасонанд. Табиатан куввахои хайри Хурмуз рухи созанда ва куввахои шарри Ахриман рухи харобкунанда доранд. Дар Авесто Зардушт одамонро ба муборизаи зидди куввахои шарру зулмат даъват намуда, барои пирузи ва осоиши абадии онхо сифатхои ахлокии «гуфтори нек», «рафтори пек» ва «пиндори пек»-ро талкин кардааст. Дар монавия хамин назарияи ахлокии зардуштия инкишоф ёфт. Мони офаринишн оламро аз се мархила иборат дониста, дар мархилаи аввал олами нуру зулматро аз хам чудо пиндоштааст. Дар мархилаи дуюм инсон асири олами зулмони шуда, унсурхои шар бо обу оташ ва хоку бод омезиш пайдо намудаанд. Инсон дар мархилаи союм бояд аз зиндони олами зулмони озод шуда, батадрич тамоми унсурхои шарро аз худ дур кунад ва ба зиндагии човидони ноил гардад.
Аз таълимоти ахлокии зардуштияю монавия бисёр равияю чараёнхои фалсафию ирфонии асрхои миёнаи Шарку Гарб гизои маънави гирифтаанд. Масалан, дар афкори фалсафии мактаби машшоъ хайр ба маънои «вучуд» ва шар ба маънои «имкон» дониста шудааст.
Рукни асосии фалсафаи амалиро (илми ахлок, тадбири малзил ва сиёсати мудун) дар асрхои миёна Xайр ва Шар ташкил медихад. Дар он тамоми рафтори одамон ба хамин ду категорияи ахлоки чудо карда шудааст. Илми ахлок куввахоеро, ки боиси амали Xайр ва Шар дар фаъолияти инсон мегарданд, ба тафаккур, шахват ва газаб мансуб медонад. Дар афкори ахлокии мутафаккирони Шарк, аз чумла дар «Ахлоки носири», «Ахлоки чалоли», масъалахои Xайр ва Шар аз хамин нуктаи назар барраси шуда, вучуде, ки худ бахуд мавчуд аст, хайр ва вучуде, ки мавчудиятташ ба дигар чиз вобаста бошад, шар дониста шудааст.
Ба фикри онхо, акл хама вакт толиби хайри хакикист ва шахвату газаб манбаи шар мебошад. Аз ин ру, инсон дар фаъолияти амалиаш бояд окилона рафтор намуда, аз кахру газаб худро нигох дорад.
Дар афкори панду ахлокии классикони адабиёти форс-точик ба масъалаи Xайр ва Шар ахамияти зиёд дода шудааст. Дар эчодиёти онхо сифатхои неки инсони тараннум ёфта, одамон ба кори хайр, некию некноми, накукори хидоят шудаанд ва бадию хислатхои разилии инсони мавриди таъну мазаммат карор гирифтаанд. Дар осори бадеии шоирону нависандагон кори хайру амри шар бо роху воситахои гуногун ва образхои рангин тасвир шудаанд. Дар вокеъ, номи кахрамонони як афсонаи «Хафт пайкар»-и Низомии Ганчави Хайр ва Шар мебошад. Номи кахрамонони мазкур ба хислату амал ва рафтору кирдори онхо хеле мувофик буда, гояи асар дар муборизаи ду кувваи ба хам мукобил галаба кардани неки ба бади мебошад, ки асоси фалсафиаш дар Авесто баён шудааст. Нигаред низ Неки ва бади.
М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …