Маълумоти охирин

ГУЛ

ghul

ГУЛ, махлуки афсонавиеро гуянд, ки дар наклу ривоятхо, афсонахои халки, киссаву достонхои насри омиёна ва г. тасвир шудааст. Г. дар куххо, горхо, чойхои дур аз ободи, биёбонхо (Гули биёбон ах хамин чост) маскан доштааст. Дар тасаввури мардум Г. нихоят зуру тавоно, вахмангез ва серпашму кадбаланд буда, ба хар шакл медаромадааст. У одамонро аз рох бароварда, ба онхо зарари рухи ва чисмони мерасонидааст. Дар афсонахо ходисаи ба одамон тобеъ ва ром шудани Г. низ ба назар мерасад. Тасаввурот оид ба Г. аз даврахои кадим вучуд дорад. Абушакури Балхи Г.-po ба сифати образи бадеи истифода бурдааст:

Гохе чу гусфандон дар гулхои май,

Гохе чу гул гирди биёбон давон- давон.

Хофизи Шерози мегуяд:

Дур аст сари об аз ин бодия, душ дор.

То гули биёбон нафиребад ба саробат.

Н. Шакармамадов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …