Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ГОРИ ХОЧА ИСХОК

ГОРИ ХОЧА ИСХОК

ГОРИ ХОЧА ИСХОК, гори кадимиест, ки дар баландкухи болои дехаи Махшевади p-ни Айнии вил. Ленииобод вокеъ аст. Дар Г. X. И. устухони аз миён болои одам боки мондааст. Бино ба ривояте ин устухони Хоча Исхок ном рухони будааст. Номи у дар «Манокиби Хоча Исхок» ном асари мачхул муаллифе зикр ёфтааст. Аз руи ахбори ин муаллиф Хоча Исхок аз Хамадон бо ёронаш баромада, дар рохи Самарканд гуё ба таъкиби Хуччоч дучор шудааст. Аз ин таъкибкунихо с-хои 70 а. 8 (баъди 142 соли вафоти Мухаммад) дар гори хамон кух панох мебарад ва Г. X. И. ном гирифтани ин гop низ аз хамин чост. Вале ин ривоят асосе надорад, зеро сарлашкар ва хокмми араб Хуччоч хануз дар авв. а. 8 фавтидааст. Скелети бокимонда аз они шахсест, ки ба сабаби номаълуме дар гop пинхон шудааст; ё худ шикорчие будааст, ки ходисаи тасодуфи риштаи хаёти уро кандааст.

ghori-xoja-ishok

Ад. Мухторов А., Мазорхо чч тавр пайдо шудаанд? Д , 1974.

А. Мухторов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.