Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ГОРИ АМИР ТЕМУР

ГОРИ АМИР ТЕМУР

ГОРИ АМИР ТЕМУР, номи якчанд гори асри сангро гуянд, ки дар нохияхои гуногуни Осиёи Миёна кашф шудаанд. Аз хама машхуртарини онхо дар кухи охаксангии Каротеппа, дар сархади вил-хои Самарканд ва Кашкадарьё вокеъ аст. Гoppo бостоншиносони экспедицияхои археологии РСС Узб. тадкик кардаанд. Даромадгохи гор аз сатхи бахр 1824 м баланд аст. Дарозии рохравхо 109 м ва дарозии умумии гор 350 м. Гop аз се кабат иборат буда, якчанд толор, рохравхои зеризамини ва чоххои амуди дорад. Гори дигар дар наздикии дехаи Юкормачойи вил. Сурхондарьё (8 км шимолтари куллаи к. Кетманчопти) вокеъ аст. Дар хандаки дарозиаш 7 м се кабати маскун (палеолити миёна, неолит ва давраи гуломдори) ошкор гардид. Дар ин гор хафриёт гузаронда нашудааст.

ghori-amir-temur

Ад.: Ранов В. А., Несмеянов С. А., Палеолити Антропоген Средней Азии, Д., 1073.

В. А. Ранов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.