Маълумоти охирин

ГОМРУК

ГОМРУК, говкасиркунак, камширак, ширхушккунак, зинчак, касирак (Colutea paul-senii), як навъ буттаест аз оилаи лубиёихо. То 2 м кад мекашад. Баргаш пармонанд. Хушагулаш 3—15-гула; гулаш зард, норинчи (моххои май—июнь мешукуфад). Гилофакаш пуфакмонанд, байзашакл; тухмаш дорчини.  Буттаи хоси Точикистон (к-куххои Зарафшон, Туркистон, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Точикистони Чануби ва Шарки, инчунин Помири Гарби; 800—’2800 м аз с. б.), Афгонистон ва Кашмир аст. Бештар дар минтакаи чангалзори гармсер (шибляк) ва пахнбарг меруяд. Решааш хеле сершоха ва мустахкам аст; нишебихоро аз обшуй шуданни гох медорад. Дар тибби халки чушоби барги г.-ро чун доруи исхоловар тавсия медиханд. Буттаи ороишист; гул ва меваи базеб дорад.

ghomruk

Ад.: Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л., 1976; Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1978.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …