Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ГОФИЛ Мухаммадмурод ибни Мухаммадсаид

ГОФИЛ Мухаммадмурод ибни Мухаммадсаид

ГОФИЛ Мухаммадмурод ибни Мухаммадсаид (с. тав. номаълум, дехаи Ёгеди хозира р-ни Калъаихум — ваф. такр. 1892, хамон чо), шоири точик. Чузъиёти тарчумаи холи Г. равшан нест. Аз осори адабии Г. мачмуаи ашъоре бокист, ки 800 байташ бо унвони «Киссаи чанги духтари кайсари Рум» дар шакли маснави буда, 19 вараки он газал ва мусамматхои шоирро дар бар мегирад. Г. хамчун шоири озодихох дар аксари шеърхояш аз нохамворихои замон шикоятхо кардааст. Ин абьёт аз уст:

Бетамизи одати ин чархи качрав будааст,

Имтиёзи ман надорад гулшани паргор гор.

Сахт хобидаст толеъ бар сари болини дахр,

Бахти хоболуди моро, эй худо, бедор дор.

Тору пуди чархи качрав сохт бо качтинатон,

Бигсилад з-ин риштаи вожуни качрафтор тор…

А. Хабибов,

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.