Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУТУХИИ МАРВАЗИ Асируддини Шарафулудабо

ФУТУХИИ МАРВАЗИ Асируддини Шарафулудабо

ФУТУХИИ МАРВАЗИ Асируддини Шарафулудабо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 12). Маълумоти ибтидоиро дар зодгохаш — Марв гирифта, дар камон чо илмхои замонашро аз худ карда, камол ёфтааст. Футухии Марвази сохибдевон будааст, вале девони у то замони мо нарасидааст. Дар эчодиёти . Футухии Марвази газалу китъа мавкеи асоси доранд. Дар газалиёташ зебоихои табиат ва фикру эхсосоти мехрпарвари кахрамони лирикиро бо сабки хуросони — соддаю равон ифода кардааст. Мукатаоти у бештар оханги ичтимоию танкиди доранд. Шоир тарафдори адлу дод, муруввату химмат, некию хуби буда, зулму бедоди, беадолатию риёкори ва ахлоки замимаро танкид кардааст. . Футухии Марвази дар иншои наср низ даст доштааст, вале аз осори мансураш намунае то ба мо нарасидааст. А. Абдуллоев.

Дар борамон

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.