Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУРУГИ ФАРРУХЗОД

ФУРУГИ ФАРРУХЗОД

ФУРУГИ ФАРРУХЗОД (1935, Техрон—1967, хамон чо), шоираи эрони. Дар дабиристони «Хусрави Ховар» тахсил кардааст. Сипас дар Хунаристонн бонувон хайёти ва наккоширо омухтааст. Дар садамаи автомобил халок шудааст.
Аз сездахсолаги ба шеърнависи сар карда буд. Дар хабдахсолаги нахустин мачмуаи ашъораш бо номи «Асир» аз чоп баромад (1852). Шеърхои баъдинааш дар мачмуахои «Девор» (1957), «Исён» (1958), «Таваллуди дигар» (1964) ва «Баргузидаи ашъор (1965) гирд омадаанд.
Мавзуи асосии шеърхои Фуруги Фаррухзод тавсифи хушихои зиндаги, дилрабоии зан, сузу гудози ишк аст. «Зиндаги», «Эътироф», «Гурезу дард», «Даъват» ва дигар шеърхояш бо шуру шавк ва хиссиёти баланд эчод шудаанд. Кахрамони лирикии шоира пеш аз хама зан—модар, зани ошик, чуянда, поксиришт ва муборизест, ки аз дарду алам ва бехукукии зан сухан гуфта, макоми уро дар чамъият баланд мебардорад. («Шеъре барои ту», «Зевари зан», «Исён», «Ба хохарам», «Рози ман» ва гайра. Намоишномаи «Иоаннаи мукаддас»-н Бернард Шоуро ба форси тарчума карда буд. Дар кино низ хунарнамои кардааст. Аз у 2 киносенария, 2 романи нотамом ва тарххои зебои наккоши боки мондаанд. Дар ватанаш ба унвони «малика ва ситораи шеър», «окилаи аср» ва «шоираи бузург» машхур аст.
Ашъораш дар Точикистон шухрати зиёд дорад. Ба забони руси низ тарчума шудаанд.
Осор: Таваллуди дигар, Душанбе. 1983.
О. Каххорова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.