Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФУНКСИЯ

ФУНКСИЯ

ФУНКСИЯ (аз лотини funtio — ичро кардан, амали гардонидан), яке аз мафхумхои асосии математикист, ки вобастагии як бузургии тагйирёбандаро ба дигараш ифода мекунад. Бузургии тагйирёбандае, ки новобаста тагйир меёбад, бузургии тагйирёбандаи мустакил ё аргумент буда, бузургии тагйирёбандае, ки ба аргумент вобаста аст, функсия (бузургин тагйирёбандаи вобаста) иом дорад. Мачмуи бузургихои тагйирёбакдаи мустакилро сохаи муайяни (мавчудият), мачмуи бузургихои тагйирёбандаи вобастаро сохаи тагйнрёбии функсия меноманд. Функсияхое, ки ба як тагйирёбандаи мустакил як тагйирёбандаи вобаста мувофик мегузоранд Функсияхои яктагйирёбанда ва функсияхое, ки ба як тагйирёбандаи мустакил ду ё якчанд тагйирёбандаи вобаста мувофик мегузоранд, Функсияхои ду ё бисёртагйирёбанда номида мешаванд. Функсияхоро ин тавр ишора мекунанд:
у = f(х), = (t), z = f(х, у), и = f(х, у, z) ва гайра. Функсияхо ба воситаи формула, график ва чадвал дода мешаванд. Ба воситаи функсия конуниятхои микдории табиат ифода хоханд шуд. Нигаред низ Математика.
М. Исматов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …