Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФТОР

ФТОР

ftor

ФТОР (лотини Гluorum), Г, элементи химиявии гурухи VII системаи даврии Менделеев, раками атоми 9, массаи атоми 18,99840, мансуби галогенхост. Гази зарди сафедча буда, буи тез дорад. Фтори озод (холис)-ро бори аввал соли 1886 химики франсави А. Муассан бо рохи электролизи КГ дар махлули беоби гидрогенфторид хосил намудааст. Фтор ба хисоби миёна 8·10-2%-и массаи кишри заминро ташкил медихад; дар табиат факат дар шакли пайвастаги вомехурад, t гуд.—219,6°С, t чушиш—188Г1°С, зичиаш 1,69 г/л. Фтор аз чихати химияви фаъол буда, кариб бо хамаи элементхо (гайр аз гелий, неон ва аргон) ба реаксия дохил мешавад. Фтор бисёр материалхоро вайрон мекунад. Аз ин ру онро phthoros (вайрон мекунам) меноманд. Маъданхон асосиаш флюорит, криолит, фторапатит аст. Фторро ба сифати оксидкунандаи сузишворихои ракети, барои хосил намудани пайвастхои фторорганики, гексафториди уран UГ6 ва дигар фторидхо истифода мебаранд. Пайвастхои фтор,-ро чун халкунанда, катализатор ва перепаратхои онро дар тиб истифода мебаранд. Фтор ба таркиби бофтахои организмхои зинда (устухон, сири дандон) дохил мешавад.
Соли 1968 дар институти химияи Академияи Фанхои РСС Точикистон лабораторияи материалхои фторидии тоза ташкил карда шуд. Кормандони лаборатория асосан оид ба химия ва технологияи фторидхо тадкикот гузаронида, натичахои тадкикоташонро дар саноати республика ва дигар шахрхои мамлакатамон амали мегардонанд. Дар Точикистон дар заводи электрохимиявии Ёвон, пайвастхои органикии фтор хосил карда мешаванд. Ч. Икроми.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …