Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ФРОНТИ ТУРКИСТОН

ФРОНТИ ТУРКИСТОН

ФРОНТИ ТУРКИСТОН, Туркфронт, фронтеро гуянд, ки сарфармондехии Армияи Сурхи Коргару Дехкон 11 августи 1919 дар РАСС Туркистон ташкил намуд. Вазифаи асосии он баркарор намудани алокаи байни РАСС Туркистон ва Россияи Маркази, ёри расондан ба халкхои Туркистон ва торумор намудани контрреволюсия дар Туркистон буд.

turk_front1922Августи 1919 Армияи Сурх фронти армияи Колчакро дар нохияи Троиск рахна намуда, онро ду таксим кард, ки яке ба тарафи Сибир, дигаре ба тарафи Туркистон акиб нишаст. Барои торумори армияи Колчак бо ташаббуси В. И. Ленин ду фронти мустакил — Шарки ва Туркистон ташкил карда шуд. Максади ин икдом аз мухосира баровардани Туркистон ва якчоя бо Армияи Туркистон торумор кардани душманони дохилй буд. 13 августи 1919 бо фармони махсус фронти Туркистон расми гардонида шуда, армияхои 1, 4, 11 ва тамоми Армияи Сурхи Туркистон ба ихтиёри он дода шуд. Ш. 3. Элиава, В. В. Куйбышев, П. И. Баранов аъзоёни Совети Харбии Ф. Т. интихоб гардиданд. Дар натичаи амалиётхои бомуваффакияти Армияи Сурх гурухи чанубии армияи Колчак дар махали Октеппа ва Орск мухосира шуд. Гурухи аскарони Колчак низ дар наздикии Казали торумор гардиданд.
Ноябри 1919 бо сардории И. П. Белов ва намояндаи Совети революсионии Ф. Т. Фурманов Д. А. СКР-и гурухи кушунхои Хафтруд ташкил карда шуд. Сарфармондехи кушунхои Ф. Т. Фрунзе М. В. ахолии нохияи Хафтрудро даъват намуд, ки ба хучуми Армияи Сурх хаматарафа ёри расонанд. Онхо исёни контрреволюсионии гарнизони Верный (Олмаато)-ро фуру нишонданд ва манбаи барои Давлати чавони Совети хавфноки сафедгвардиячиёлро нест карданд. Дар Фаргона низ кушунхои совети беш аз 40 гурухи босмачиёнро то декабри 1919 нобуд сохтанд. В. Искандаров.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …