Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФОТОБИОЛОГИЯ

ФОТОБИОЛОГИЯ

ФОТОБИОЛОГИЯ (аз фото… ва биология), як фасли биологияро гуянд, ки таъсири рушноиро ба организм ва ахамияти онро дар хаёти наботот, хайвонот ва одам тадкик мекунад. Ба нуму, инкишоф ва функсияхои гуногуни организмхо таъсир памудани рушнои аз кадим
маълум аст. Дар асрхои 18-19 кашф шудани фотосинтез, дарёфти асосхои назариявии рангбини, таснифн фототаксис ва гайра ба фитобиология ибтидо гузоштанд. Бале фитобиология чун як сохаи мустакили илм нимаи дуюми асри 20 дар натичаи инкишофи назарияи афканишоти кванти (асоси физикии фитобиология аст), биохимия, биофизика, физиология ва ГАЙРА пайдо шуд. Масъалахои асосии омузиши фитобиология чунинанд: чараёни дар пайвастхои биологии синтезшаванда захира шудатги энергияи офтоб (фотосинтези растани); таъсири рушнои ба синтези молекулахои мухимми биологи (зинаи охирини синтези биологии хлорофилл, пигментхо ва гайра); таъсири рушнои ба пайдоиши хаёт, чараёни тахаввулот, мувозинати экология ва гайра. Барои чараёни ходисахои фотобиологи дар организм мавчуд будани пигментхо—фоторесепторхо, ки дар структурахои махсуси хучаирави (хлоропластхои растанихои дарачаи оли, хроматофорхои обсабзу бактерияхо ва гайра) чой гирифта, рушноиро интихобан фуру мебаранд, зарур аст. Ба пигментхо — фоторесепторхои наботот хлорофилл ва хосилахои гуногуни он, каротиноидхо, фикобилинхо, баъзе коферментхо ва гайра ва ба пигментхои хайвонот бошад, пигментхои босираю пуст (меланин) мансубанд. Фитобиология асоси назариявии баланд бардоштани махсули фотосинтези растанихои хочагии кишлок, сермахсулгардонии хайвоноти хочагии кишлок, истифодаи афканишот дар амалияи тиб ва муборизаи зидди ифлосии мухит мебошад.

biology-2
Дар РСС Точикистон омузиши фитобиология солхои аввали баъди Чанги Бузурги Ватани дар Стансияи биологии Помир ва Боги ботаникии Помир огоз ёфт. Хосиятхои фотосинтези растанихо дар шароити баландкух тадкик ва таъсири радиасияи ултрабунафш ба хаёти наботот омухта шуданд. Аз соли 1960 ин чониб маркази асосии тадкикоти фотобиологи Институти физиология ва биофизикаи растанихои Академияи Фанхои РСС Точикистон мебошад. Доир ба баъзе масъалахои фитобиология (механизмхои алокамандии стадияхои фотохимияви ва фериентативии фотосинтез вобаста ба махсулнокии растани ва таъсири афканишоти лазери ба аппарати генетикии растани ва физиологияи фотосинтези пахта) дар Университети Давлатии Точикистон ва Шуъбаи генетикаи умумии пахтаи Академияи Фанхои РСС Точикистон низ тадкикот мебаранд.
Адабиёт: Насыров Ю. С., Фотосинтез и генетика хлоропластов. М.. 1975; Конев С. В.. Волотовский И. Д„ Фотобиология, Минск, 1979.
Ю. Е. Гиллер.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …