Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОРСИХОНОВ Содир Эшонхонович

ФОРСИХОНОВ Содир Эшонхонович

ФОРСИХОНОВ Содир Эшонхонович (таваллуд 24. 5. 1924, Совети кишлоки Чортеппаи хозира раёни Ленин), зоотехники советии точик, доктори илмхои хочагин кишлок(1982), профессор (1983) . Аъзои КПСС аз соли 1947.
Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Иститути хочагии кишлоки Точикистонро хатм кардааст (1950). Зоотехники хочагии таълимии Техникуми зооветеринарии раён Сталинобод (1950 —51), аспирант, ходими илмии институти тадкикоти илмии чорводории Академияи Фанхои РСС Точикистон (1951—57), директори институти тадкикоти илмии чорводори ва ветеринарии Точикистон (1957—64), мудири кафедраи парвариш ва генетикаи хайвоноти хочагии кишлок ва чонишини ректори институти хочагии кишлоки Точикистон оид ба илм (1961—75) ва аз соли 1975 директори институти тадкикоти илмии чорводории Комитети давлатии агросаноатии РСС Точикистон. У оид ба инкишофи гусфандпарвари тадкикоти илми бурда, барои нигох доштан, афзудану такомули зоти гусфалдани сергушту серравган (алалхусус гусфанди хисори) сахми арзанда гузоштааст. Ба Шуъбаи биологияи хайвоноти хочагии кишлоки институти тадкикоти илмии чорводории Комитети давлатии агросаноатии РСС Точикистон рохбари (аз 1980) намуда, сохахои нави тадкикоти илмиро дар чорводори (радиобиология, иммуногенетика, асосхои биохимиявии пешгуяи махсулюгги чорвои калони шохдор ва моли майда) вусъат дод.
Оид ба сохахои гуногуни чорводори (махсусан гусфанди хисори) 120 маколаву асархои илми нашр кардааст. Бо 7 медал ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.
Асар: Гиссарская порода овец, Душанбе,
1981; Животноводство Таджикистана, Душанбе. 1984.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.