Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ФОЧИА ДАР АРКИ БУХОРО

ФОЧИА ДАР АРКИ БУХОРО

ФОЧИА ДАР АРКИ БУХОРО, аз тарафи амир катл карда шудани вакилони чавонбухориён ва болшевикони Совети Туркистон (2—10 марти 1918). Пас аз барпо гардидани Хокимияти Совети дар Туркистон амири Бухоро барои дар махалхои руснишини аморат ба амал баровардани тадбирхои инкилоби монеъ шуд ва ба сафирони совети эътибор надод. 2—3 марти 1918 сарбозони амир дар задухурд бо кушунхои Туркистони Совети маглуб гаштанд. Бо максади гуфтушунид бо амир Совети шахри Когон бо сардории раиси он В. П. Уткин дар хайати 22 нафар ба Бухоро 4 март вакил фиристод. Амир ба вакилони совети дар арк, дар хавлии кушбеги зиёфат дод ва максади вакилонро фахмида, бо фиреб онхоро ба таххонаи кушбеги бурда махкам кард. Пеш аз ба таххона рафтан 3 нафар вакилон аз нияти амир пай бурда, худро ба боми арк гирифтанд. Хангоми тирпаррони, ки тамоми шаб давом кард, 1 нафар вакил халок гардид, 2 нафар бо машаккати зиёд ба Когон гурехта, аз фочиа хабар доданд. Махбусони таххона низ аз равзанхо тир мепарронданд, вале сарбозони амир боми таххонаро сурох карда, ба сари вакилон 300 саноч оби хунук ва 10 пуд тезоб (кислота) рехтанд. Баъди нух руз дари таххонаро кушода часади вакилонро ба гуристони беруни шахр бароварда партофтанд. Дар байни халокшудагон В. П. Уткин, Алиев, Косим Галимханов (комиссари харбии вилояти Самарканд), болшевик Пендо (комиссари алокаи харбии вилояти Самарканд), болшевнк Абдурахмонов, А. П. Телянс, Махдиев, Абдуллои лазгин, Мухаммад Мамадов, Гачиев ва дигарон буданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …