Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФИЗИОТЕРАПИЯ

ФИЗИОТЕРАПИЯ

ФИЗИОТЕРАПИЯ (аз юнони рhusis —табиат ва терапия), як кисмати тибро гуянд, ки таъсири физиологии омилхои табии (об, хаво, гарми, офтоб ва рушнои) ва сунъи (чараёни электрик, майдони магнити ва гайра)-ро ба организм меомузад. ва усулхои истифодаи онхоро ба максади табобату пешгирии касалихо тадкик менамояд. Дар мамлакатхои Шарки Кадим, Юнон ва Рим аз муолича бо об ва муолича бо нури офтоб васеъ истифода мебурданд. Букрот (460—377 то мелод) ба таъсири омилхои табии дар мубориза бар зидди беморихои гуногун ахамияти калон додааст. Абуалии Сино (980— 1037) дар «Ал-Конун» муфид будану усулхои истифодаи омилхои табии (об, хаво, нури офтоб, хаммом ва гайра)-ро баён кардааст. Зимни кашфи электр ва пешрафти физика дар асри 18 физиотерапия (алалхусус, муолича бо чараёни электрик) ташаккул ёфт.

odam-fiziology

Минбаъд дар амалияи муоличави электри статисти (франклинизасия), чараёни галваии (галванизасия ва электрофорези доруи), чараёни тагйирёбандаи асимметри (фарадизасия), чараёни баландбасомад (дарсонвализасия, диатермия), инчунин майдони магнити, электромагнитии пастбасомад, баландбасомад, ултрабаландбасомад ва гайра чори шуд. Дар амалияи физиотерапевти аксар вакт дорухоро низ истифода мебаранд. Физиотерапия чун фасли мустакили тиб аввали асри 20 (вакте ки дар Леже соли 1905 аввалин Конгресси байналхалки оид ба терапияи физики баргузор гардяд) ташаккул ёфт. Баъди галабаи Револютсияи Октябр физиотерапия хеле таракки ёфт. Соли 1921 дар Москва Институти физиатрия ва ортопедия (хозира Институти курортология ва физиотерапия) таъсис ёфт. Пешрафти минбаъдаи физиотерапия ба тараккиёти электротехника, радиоэлектроника, биохимия, иклимшиноси, балнеология ва курортология зич алокаманд аст. Физиотерапия дар республика аз соли 1930, вакте ки дар Ленинобод аввалин табобатхонаи физиотерапевти кушода шуд, ташаккул ёфт. Алхол дар республика 17 шуъба ва кабинетхои физиотерапевтии шахри ва 39 шуъбаи райони амал мекунанд.

Адабиёт: Абу Али ибн Сино. Канон врачебной науки, издателство 2, том I, Ташкент. 1980; Справочник по физиотерапии, Москва. 1976; Физиотерапия в клинике внутренных болеаней, Москва, 1980.        И. Я. Бобохочаев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …