Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФИЗИОЛОГИЯИ РАСТАНИ

ФИЗИОЛОГИЯИ РАСТАНИ

ФИЗИОЛОГИЯИ РАСТАНИ, як сохаи илми биологияро гуянд, ки конуниятхои муштараки фаъолияти хаётии растаниро меомузад.

fiz-rastani

Физиологияи растани аввал чун кисми таркибии ботаника ба вучуд омад. Охири асри 18 фотосинтез кашф шуд ва он боиси инкишофи Физиологияи растани гардид. Дар инкишофи Физиологияи растани хиссаи олимони рус ва совети А. Е. Фаминцын, К. А. Тимирязев, Д. Н. Прянишников, М. X. Чайлахян ва дигарон калон аст. Алхол олимон асосан масъалахои механизми фотосинтез, иштироки гормонхои растани дар танзими рушд ва инкишоф, вазифаи организмдхои хучайра, мавкеи пардаи хучайра дар фурубари ва харакати моддахо, ба таъсири омилхои номусоиди мухит тоб овардани растани ва гайраро меомузанд.

Дар Точикистон тадкикоти аввалин доир ба Физиологияи растани соли 1934 хангоми Экспедисияи ба Помир ташкилкардаи Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ) сар шуд. Соли 1938 баъди бо ташаббуси П. А. Варанов таъсис ёфтани Стансияи биологии Помир тадкикот доир ба фотосинтез, нафаскаши, танзими об, мубодилаи моддахо ва сармобардории растани вусъат ёфтанд. Дар стансияи мазкур аввалии бор дар СССР О. В. Заленский бо кормандонаш барои омузиши фотосинтез карбони радиоактинро кор фармуд. Соли 1961 аваал шуъба ва баъд (1964) Институти физиология ва биофизикаи растании Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон таъсис ёфт, ки алхол хамаи тадкикоти сохаи Физиологияи растании республикаро ба хамдигар мувофик мекунад. Институти мазкур асосан доир ба фотосинтез ва асоси физиологию генетикии махсулиокии растани тадкикот мебарад. Доир ба Физиологияи растании дар Шуъбаи генетикаи умумии пахтаи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон низ тадкикот мебаранд. Дар шуъбаи мазкур усули бо ёрии моддахои фаъоли физиологи танзим намудани хосили пахтаро дарёфтанд, ки дар натича кураки пахта 15—20 руз барвакт расида, хосил 10—12% зиёд мешавад. Кормандони Инхти тадкикоти илмии зироати Комитети давлатии агросаноатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон усули ташхиси гизои минералии пахтаи махивнахро пешниход намуданд. Доир ба физиологияи растани дар Институти ботаникаи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон, лабораторияи физиология ва биохимияи растании кафедраи ботаникаи Институти хочагии кишлок, кафедраи Физиологияи растании Университети Давлатии Точикистон низ тадкикот мебаранд. Дар Институти биологии Помир таъсири иклими баландкух ба растани омухта мешавад. Ходимони институти мазкур аник намуданд, ки радиасияи ултрабунафши табии сабзиши растаниро боздошта, хосилро кам мекунад.

Адабиёт: Насиров Ю. С., Широкие горизонти эксперименталной биологии, дар китоби: «Наука Советского Таджикистана», Душанбе, 1974; Вопроси физиологии и биохимии субтропических плодових Таджикистана, Душанбе, 1979; Академия наук Таджикской ССР (Биологичеркие науки. Институт физиологии и биофизики растений), Душанбе 1979.       X. Каримов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …