Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФИЗИКАИ СТАТИСТИ

ФИЗИКАИ СТАТИСТИ

ФИЗИКАИ СТАТИСТИ, механикаи статисти, як фасли физика буда, хосиятхон чисмхои макроскопиро ба сифати системахое тадкик мекунад, ки аз адади калони заррахои якхела, молекулахо, атомхо, электронхо иборатанд. Аз ин чихат онро назарияи млкроскопи хам меноманд. Физикаи статисти услубхои статистии тахкикотро истифода мебарад, ки ба назарияи эхтимолиятхо такя мекунанд. Физикаи статисти ба термодинамикаи статиатй ва термодинамикаи статистии гайримувозини чудо мешавад. Аввали системахоеро тадкик мекунад, ки дар холати мувозинати отатистианд, дар холе ки охири просессхои гайримувозинро меомуэад. Физикаи статистие, ки ба мафхуму конунхои механикаи кванти асос ёфтааст, статлстикаи кванти ном дорад. Агар дар ягон лахзаи вакт координатахо ва суръатхои хамаи заррахои чисми тадкикшаванда, инчунин конунхои таъсири мутакобили онхо маълум мебуданд, он гох муодилахои механикаро барои хар як зарра алохида алохида хал карда, координатахо ва суръатхои матлубро барои хама гуна лахзаи баъдинаи вакт ёфтан ва ба хамин тарик холати чисми мазкурро пурра муайян намудан мумкин мегашт. Вале дар асл ин амал имкон надорад, чунки адади заррахои чисмхои макроскопи аз хад зиёд аст. Координата ва суръати ин кадар зарраро муайян кардан ва низ халли ин кадар муодилахоро ёфтан амри мухол аст. Аммо бисёр будани адади заррахо боиси пайдо шудани конуниятхои нав — статистй мегардад. Конуниятхон статистии рафтори заррахо бошаид, дар бис ёр мавридхо ба шартхои аввала (кимати аники координатахо ва суръатхои аввалаи заррахо) вобаста нестаяд. Физикаи статисти айнан ба чустуну ва тасвири назарии хамин гуна конуниятхои физики машгул аст.

fisics-2

Вазифаи асосии Физикаи статисти аз хисоб кардани бузургихои макроскопии мушохидашавандае иборат аст, ки системаи мазкурро аз назари конунхои харакат ва таъсири мутакобили заррахои таркибии он тасвир мекунанд; хангоми омухтани мувозинати статисти потенсиалхои термодинамики (энергияи озод, фишор ва гайра) вобаста ба харорат ва дигар параметрхо хисоб карда мешаванд. Дар мавриди омухтани холатхои гайримувозинат бошад, муодилахоеро хосил кардан бояд, ки просессхои гаиримувозинро тасвир мекуналд.

Дар ташаккул ва тараккии мафхумхои асосии Физикаи статисти, кашфу асоснок кардани конунхо ва принсипхои он хизмати Ч. Максвелл, Р. Клаузиус, Л. Болсмап, Ч. Гиббс, М. Омолухосвский, А. Эйнштейн, Ш. Бозе, Э. Ферми, П. А. М. Дирак ва И. Пригожин калон аст. Аз чумлаи физикони совети хусусан Н. Н. Боголюбов ва мактаби у сахми калон доранд. Дар Точикистон масъалахои чудогонаи Физикаи статисти дар асархои С. У. Умаров ваА.          А. Адхамов дадкик шудаанд.

Физикаи статисти бунёди назария физикаи газхо, моеъхо ва чисмхои сахт буда, доираи васеи татбику истифода дорад.

Б. Содиков.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …