Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФИЗИКАИ АТОМ

ФИЗИКАИ АТОМ

ФИЗИКАИ АТОМ, як фасли физикаро гуянд, ки сохт ва холатхои атомхоро меомузад. Хамчун илм ибтидои асри 20 шакл гирифтааст. То охири асри 19 атомро таксимнопазир мехисобиданд. Баъди кашфи радиоактивият (1896, А. Беккерел) ва электрон (1897, Ч. Томсон) ошкор гардид, ки атом аз мачмуи заррахои заряднок иборат будааст. Соли 1911 Э. Резерфорд модели сайёравии атом (дар гирди ядрои вазнини мусбатзаряд давр задани электронхо)-ро пешниход кард.

fisics-4

Дар асоси ин модел Н. Бор соли 1913 аввалин назарияи квантии атомро сохт. Ин назария танхо спектрхои гидроген ва атомхои гидрогенмонапдро шарх доду бас, вале барои атомхои адади электронхояшон аз 2 зиёд татбик нашуд. Назарияи мураттаб ва муназзами атом дертар дар асоси механикаи кванти тахия гардид. Солхои 30—40 ба Физикаи атом хамон фаслхои физика дохил мешуданд, ки бо сохт ва хусусияткои ядро, нурхои кайхони, заррахои элементари сарукор доштанд, алхол онхо сохахои мустакили физикианд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …