Маълумоти охирин

ФИТРАТ

ФИТРАТ (тахаллус; тахаллуси нахустинаш Мичмар; ном ва фамилияаш Абдурауф Абдурахимов; 1886, Бухоро—1937, Тошкент), нависанда ва олими точик. Профессор (1924). Дар мадрасаи Мири Араби Бухоро ва Институти Истанбул хондааст. Рохбари харакати чадиди ва яке аз сарварони чамъияти адабии пантуркистии «Чигатой гурунги» («Сухбати ахли Чигатой») буд. Аъзои Партияи Коммунистии Бухоро (1918—24). Нозири маорифи халки РХСБ (1921), чонишини раиси Шурои нозирони халк (19122), аъзои Бюрои сиёсии Партияи Коммунистии Бухоро буд. Дар Институти забонхои шаркии Лазареви Москва (1923—24), Институти давлатии тадкикоти илмии РСС Узбакистон (1926), Академияи педагогии Самарканд, Дорулмуаллимили Бухоро ва Тошкент кор кардааст. Фитрат дар инкишофи насри бадеии тореволюсионии точик фаъолона иштирок дошт. Дар сохаи назм ба саромадояи адабиёти кслассики пайрави мекард. Як муддат у дар зери таъсири харакати пантуркисти рохи хаторо пеш гирифт. Пас аз соли 1925 рохи дурусти эчодиро интихоб кард. Дар инкилоби мадании Точикистону Узбекистон иштирок намуд. Фитрат осорашро ба забонхои точики («Мунозира», 1909; «Сайха», 1911; «Баёноти сайёхи хинд», 1914—42; «Рахбари начот», 1915; «Шуриши Восеъ», 1927; «Аморати Бухоро», 1930 ва гайра) ва узбаки («Мухаббати самими», 1919; «Киёмат» 1923; «Ошубгарони Хинд», 1920; «Абулфайзхон», 1924) таълиф кардааст. Рочеъ ба назм, аз чумла вазни аруз, инчунин оид ба Хофизи Убахи ва Сайфии Исфаранги ва дигар саромадони адабиёти точику узбек тадкикот дорад. Дар эчодиёти Фитрат ихтилофи зиёде ба назар мерасад. Масалан, агар дар «Миръоти хайр-улбашар» ном достони точикиаш гояи диниро таргиб карда бошад, дар повести «Киёмат» бар зидди он баромадааст.
Х. Мирзозода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.