Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИШ Радий Геннадиевич

ФИШ Радий Геннадиевич

ФИШ Радий Геннадиевич (таваллуд 28, 10. 1924, Ленинград), нависанда ва адабиётшиноси советии рус. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Институти шаркшиносии Москваро хатм кардааст (1949). Асархояш аз соли 1948 ин чониб чоп мешаванд. Таассуроти давраи экспедисияхои Арктикаро дар повестхои «Бо турмохи мегирам» (1966), «Зинда бод хирсхо» (1983) тасвир намудааст. Фиш муаллифи якчанд асари тадкики оид ба адабиёту маданияти турк, аз чумла «Сабохаддин Али» (1959), «Нозим Хикмат» (1978) мебошад. Дар бораи зиндаги ва омоли Чалолуддини Руми романе бо номи «Чалолуддини Руми» ба табъ расонидааст (1972). У хамрохи адабиётшиноси точик Рахим Кошим ба муносибати 100-солагии зодрузи асосгузори адабиёти советии точик С. Айни соли 1978 китоби «Бо чашми дил»ро (тарчумаи точики «Бо амри вичдон», 1979) таълиф намуд. Фиш зиёда аз 20 асари шоиру нависандагони туркро ба забони руси тарчума кардааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.