Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРУЗОБОДИ Абутохир Мухаммад

ФИРУЗОБОДИ Абутохир Мухаммад

ФИРУЗОБОДИ Абутохир Мухаммад ибни Яъкуб ибни Мухаммад ибни Иброхим ибни Мачдуддини Шофеии Шерози (1327, шахри Козаруни Шероз—1415), лугатнависи араб. Эронинажод. Дар Шероз, Васит, Багдод ва Димишк тахсил карда, 10 сол дар Байтулмукаддас дарс гуфтааст. Ба Миср, Макка ва Дехли (5 сол) мусофирот кардааст. Асари мухимми Фирузободи «Комус-ул-мухит» мебошад, ки шарху тафсири 60 хазор моддаи лугавиро дар бар мегирад. Муаллиф бори аввал дар лугатсозии араб аз аломатхои шарти [— «маъруф» (барои калимахои маъруф) …—«чамъ» (шумора), … —«мавзеъ» (макон, чой)… — «билод» (шахр, кишвар), … —кария (деха) ва гайра] истифода кардааст. Шархи калимахо мухтасар аст. Маъхазхои истифодашуда номбар нагардидаанд. «Комус-ул-мухит» бори аввал соли 1817 дар Калкатта нашр шуд. Тарчумахои форси ва туркии он мавчуданд. Пас аз асари Фирузободи калимаи арабии «комус» барои ифодаи фархангхо ва асархои энсиклопеди маъмул гардид.
Адабиёт: Белкин В. М., Арабская лексикология, Москва, 1975.
Ф. Исоева.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.