Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРУЗ БАХОР

ФИРУЗ БАХОР

ФИРУЗ БАХОР (Ахмадов Фируз Хочиевич) (таваллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори советии точик. Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Точикистон (1977). Аъзои КПСС аз соли 1984. Омузишгохи мусики, Институти давлатии мусикию педагоги ва Консерваторияи Тошкентро (4971) хатм кардааст. Солхои 1971—76 омузгори Институти давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, аз соли 1976 котиби масъули Иттифоки Бастакорони Точикистон. Фируз Бахор лауреати Конкурси сеюми умумииттифокии бастакорони чавон (1969, Москва) ва Конкурси умумииттифоки бахшида ба 60-солагии Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр (1977, Москва) аст. Дар асархои симфониаш тахлили амики ходисоти зиндаги ва чахони мураккаби холатхои рухии инсон ба назар мерасад. Асархои намоёнаш балети «Дувалронии нозанин» (1980), «Бузург» (ба Ибни Сино бахшидааст), «Наво» (дар асоси макомхо, 1980)   ва гайра мебошанд. Фируз Бахор муаллифи зиёда аз 50 суруд ва суруду мусикии спектаклу кинофилмхост.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.