Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФИЛОЛОГИЯ

ФИЛОЛОГИЯ

ФИЛОЛОГИЯ (юнони рhilolojia — сухандусти, донишдусти), мачмуи илмхои ичтимои—забоншиноси, адабиётшиноси, таърих ва гайра, ки ба воситаи тахлили забон ва услуби осори хатти (матн) таърихи маданияги маънавии инсониятро омухта, мохияти онро ошкор месозанд. Асоси тахкики филологиро матн ташкил менамояд ва ин тахкик ду чанба дорад: яке чанбаи махдуд, ки ба омузиши чихатхои шакли ва зохирии мати, дигаре чанбаи васеъ, ки ба мазмуни матн алокаманд аст. Мухаккики матн бояд забону адабиёт, таъриху чугрофия, фалсафаю иктисодиёт, хукук ва дигар сохахои илмхои ичтнмоиро хуб бидонад ва хатто аз илмхои табиатшиноси огох бошад.

zabon
Аввалин намунахои филология дар Хиндустон (олимон Панипи ва Патачали) ва Юнони Кадим («Поэтика»-и Арасту) ба зухур омадааст. Анъанахои филологияи Хиндустон ва Юнон дар мамлакатхои гуногуни Шарку Гарб идома ёфтанд. Давраи тараккиёти баъдинаи филология дар Европа ба ахди Эхё марбут аст. Дар ин давра шавку марок нисбат ба тамаддуни атика ва чамъ намудани ёдгорихои он афзуда, боиси вусъат ёфтани довраи филология гардид. Дар асрхои 17 —18 филология тадричан хамчун илм ташаккул ёфта, омузиши хамачонибаи маданияти бостони мавзуи асосии он карор гирифт. Ин давраи нашъунамои он истилох «филологияи классики» мебошад. Асри 19 давраи наве дар инкишофи филология гардид. Таърихи кадим чун як сохаи махсус аз филологиячудо шуд. Дар айни вакт бо таъсири романтизм ва дигар чараёнхои гояви дар баробари «филологияи классики» «филологияи нав» ба вучуд омад, ки ба он бародарон Я. ва В. Гримм, Ф. Дис, Й. Добровский, А. Востоков асос гузоштаанд, худуди филология тангтар гардида, усулхои тадкик ва тахкик беш аз пеш амиктар шуд. Олимон аз зикри махзи далелу мадракхо худдори намуда, бештар ба кашфи конуниятхои инкишофи забон ва адабиёт майл намуданд. Аз руи омузиши забон ва адабиёти як ва ё якчанд гурухи миллатхо ва халкхо филология низ ба риштахои мухталиф, аз кабили филологияи руми, филологияи олмони, славяншиноси, шаркшиноси, эроншиноси ва гайра чудо шуд. Филология хамчун илми мустакил холо хеле таракки карда, методхои тадкики он мукаммалтар гардидааст. Бинобар ин забоншиноси ва адабиётшиноси, ки асоси илми филологияро ташкил медиханд, дар навбати худ ба чанд соха таксим шудаанд. Масалан, забоншиносии умуми, таърихи забон, лахчашиноси, лугатшиноси ва гайра ба илми забон, таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, танкиди адаби ва гайра ба илми адабиёт мансубият пайдо кардаанд. Филология фолклоршиносиро хам, ки асоси бахси он санъати сухан аст, дар бар мегирад. Дар натичаи тараккиёти филология сохахое, аз кабили услубшиноси, матншииоси, назарияи тарчума ва гайра ба вучуд омаданд, ки ба забоншииоси ва адабиётшиноси марбутанд.
Филологияи точик таърихи деринае дорад. Мухаккикон таърихи пайдоиш ва ташаккули филологияи точик ва халкхои дигари эронинажодро ба асрхои 3—6, давраи тарчума ва тафсири Авесто (нигаред Занд, Позанд) нисбат медиханд. Дар хамин давра баробари асархои бадеи, дини, фалсафи, чугрофи ва гайра ду фарханги мухим («Фарханги пахлави» ва «Фарханги оим — евак») ба миён омадаанд. Дар асрхои миёна низ дар сохахои лугатсозиву лугатшиноси, таърих ва назарияи адабиёт, тарчума асархои зиёде ба вучуд оварда шудаанд. Факат шумораи мухимтарин фархангхо аз дусад бештдр аст, ки танхо кисме аз онхо то замони мо расидааст (нигаред Лексикография). Дар боби таърихи адабиёт аввалин намунахои тадкики эчодиёти бадеи ва баёни ахволу осори адибон тазкирахо ба шумор мераванд (нигаред Тазкира). Дар сохаи назарияи адабиёт, хусусан поэтика, ки илмхои аруз, кофия ва балогатро дар бар мегирад, асархон барчастаи тадкики таълиф ёфтаанд («Тарчумон-ул-балогат», «Хадоик-ус-сехр фи-дако- ик-иш-шеър», «Ал-муъчам» ва гайра. Илова бар ин, бузургони илму адаб дар осори бадеи ва тадкикии худ ба масъалахои забон ва адабиёт бисёр андешахои пурарзиш баён кардаанд, ки аксари онхо ахамияти худро хануз гум накардаанд.
Филологияи советик точик, ки зодаи Революцияи Кабири Сосиалистии Октябр аст, ба методологияи марксисти-ленини такя намуда, бехтарин анъанахои замани гузаштаро истифода бурда, муваффакиятхои калон ба даст меоварад. Олимон саъй мекунанд, ки мавкеи чамъиятии забон на адабиётро дарк карда, конуниятхои тараккиёти таърихии онхоро ошкор созанд ва мероси пурбахои маданияти гузаштаро ба хизмати муосирони худ бигузоранд.
А. Маниёзов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …