Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИКРИИ САЛЧУКИ

ФИКРИИ САЛЧУКИ

ФИКРИИ САЛЧУКИ Абдуррауф ибни Мавлави Абдулфаттохи Салчуки (1908, шахри Хирот—1968, хамон чо), адабиётшинос ва шоири афгон. Чараёни зиндаги ва камолоташ дар Хирот гузаштааст. Ба адабиёт ва санъати нафиса таваччухи хос дошт. Хатти настаъликро зебо ва оли менавишт. Солхои 1939—42 муовиии Анчумани адабии Хирот, баъдхо ходими Музеи Хирот ва мудири мачаллаи адабии Хирот буд.

У дар бораи хаттотон, музаххибон, мусаввирони доираи Хирот «Зикри бархе аз хушнависон ва хунармандон» (нашри Кобул, 1970) ном тазкирае таълиф кардааст. Инчунин бо саъю кушиши Фирии  Салчуки ашъори Осафи (асри 15) дар як девон мураттаб ва тасхех гардида, соли 1959 дар Хирот ба табъ расидааст. Фехристи дастнависхои Китобхонаи Кобулро тартиб додааст. Вай инчунин ашъори фаровон низ эчод кардааст.

А. Нуров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.