Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФИ-Л-БАРОХИН ИЛО МАСОИЛ…»

«ФИ-Л-БАРОХИН ИЛО МАСОИЛ…»

«ФИ-Л-БАРОХИН ИЛО МАСОИЛ…» номи пуррааш «Рисола фи-л-барохин ило масоил ил-чабр ва-л-мукобала», асарест, ки Умари Хайём соли 1074 таълиф кардааст. «Фи-л-барохин ило масоил» рисолаест дар боби математика, алгебра ва амалхои он. Онро ба чунин фаслхо чудо метавон кард: 1) мукаддима; 2) халли муодилахои дарачаи якум ва дуюм; 3) халли муодилахои дарачаи сеюм; 4) ба муодилахои тартибашон поён табдил додани муодилахое, ки бузургихои баръакси номаълум доранд; 5) илова. Дар мукаддима Хайём бори нахустин фанни алгебра ва тарикати онро хамчун илм оид ба муодилахо харчониба маънидод намудааст.
Маънои асосии «чабр» ва «мукобала» ду амали оддитарин буда, яке аъзои манфии муодиларо аз як тарафи баробари ба тарафи дигари он бо аломати акс гузаронидан ва дигаре аз хар ду тарафи баробари аъзои якхеларо хорич намудан аст. Дар он Хайём ба Мухаммади Хоразми пайрави намуда, таснифоти муодилахо ва халли муодилахои на танхо дарачаи якуму дуюм, балки дарачаи сеюмро низ овардааст. У бори аввал дар таърихи математика собит намудааст, ки муодилахои дарачаи сеюм ба воситаи паргор (сиркул) ва хаткашак халнопазиранд. Махз дар хамин асар Хайём дар хусуси рисолаи дигари математикии худ «Мушкилот-ул-хисоб» сухан ронда, тарикаи аз тахти решахои дарачахои дилхох баровардани ададхоро нишон медихад ва биноми ададхои бутунро кашф менамояд. Нусхахои хаттии асар холо дар китобхонахои Париж (№ 2461; 2458(7), Лейден (Л8 14/2), Лондон (№ 7; 34/10) ва Вотикон (№ 96,/2) махфуз аст.
Адабиёт: Омар Хайям, Трактаты, Москва, 1961. X. Абдуллозода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.