Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФЕЪЛ

ФЕЪЛ

ФЕЪЛ, яке аз хиссахои нутк аст, ки амал ва холату вазъиятро хамчун амал мефахмояад. Феъл дорои категорияи шахс, шумора, тарз, замон ва сига, шаклхои тасрифи ва гайритасрифи (масдар, сифати феъли, феъли хол), ду намуд (мутлак ва давомдор) мебошад. Феъл се замон (хозира, гузашта, оянда) дорад. Замони хозира дорои шаклхои зерин аст; замони хозираи давомдор ё муайян (дида истодааст); замони хозираи муайяни шартию хохишманди (дида истода бошад); замони хозираи муайяни эхтимоли (дида истодагист).

Замони гузаштаи феъл чунин шаклхо дорад: замони гузаштаи наздик (омад); замони гузаштаи хикояги (меомад); замони гузаштаи дур (омада буд); гузаштаи дури давомдор (хонда истода буд); гузаштаи накли (дидааст); гузаштаи хикоягии накли (мехондааст); гузаштаи дури накли (дида будааст); гузаштаи дури давомдори (муайяни) накли (гуфта истода будааст); гузаштаи шартию хохишманди (дида башад), гузаштаи эхтимоли (хондагист).

Замони ояндаи феъл чунин шаклхоро дорост: замони ояндаи дур (хохам хонд); шакли замони хозираю оянда (мехонам); замони хозираю ояндаи эхтимоли (меёфтагистам).

Феъл тарзхои махсуси калимасози дорад. Префиксхои калимасози он бар, боз, во, фур, фар ва гайра мебошанд. Дар калимасозии феъл тарзи таркиби сермахсул аст. Дар ин маврид аз исмхои гуногунмаъно; номи амал, холат, чараёни фикр, нутк, хис, рафтору кирдор, овозу садо, номи асбоб,чисмхои моеъ, узви бадан, ходисахои табиат; сифатхои гуногунмаъно; шумораи як; калимахои таклиди овоз; таркибхои пешоянди ба воситаи феълхои ёридихандаи кардан, намудан ва шудан, гардидан, ки дуи аввал дар сохтани феълхои гузаранда ва дуи сони дар сохтани феълхои монда саристеъмол аст, инчунин феълхои ёридихандаи дитар феълхои таркибию номи сохта мешавад.

Феъл префексхои шаклсоаи мева би-, будорад, ки давомноки, такрор ва чандкаратии амал ва катъият, мутлакият ва яккадетии амалро мефахмонанд. Ба феъл ду префикси инкори: на- ва ма- васл мешавад. Префикси ма- асосан бо сигаи амр меояд (марав, магир). Дар Феълхои таркибии номи хиссачаи инкори бо феъли ёридиханда (кор накард), дар феълхои таркибии феъли хам бо феъли ёридиханда (фахмида намонад), хам бо феъли асоси (нарафта истодааст) меояд.

Адабиёт: Грамматикаи забони адабии хозираи точик. чилди 1, Душанбе.1985.Ш. Рустамов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …