Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФЕЪЛИ ХОЛ

ФЕЪЛИ ХОЛ

ФЕЪЛИ ХОЛ, шакли феълие, ки амал ва холатеро хамчун аломати феъли асоси ифода мекунад (чилвакунон, додгуён). Феъли хол хусусиятхои феъл ва зарфро дорост. Аз ин чо онро зарфи феъли хам мегуянд. Дар забони точики шакли Феъли холи замони хозира маъмул аст, ки он гузаранда (навиштаравон, шудгоркунон) ва монда (табассумкунон, тохтаравон) мешавад. Феъли холи замони хозира ду тарзи феъл: фоил (…машкобро нафринкунон… медошт), миёна (рохравон аз фикр мегузаронид) дошта, намуди давомнокро мефахмонад. Феъли хол маънои мустакили замон надорад, амалу холати вай бо феъли асоси дар як замон вокеъ мегардад. Феъли хол хусусияти вобастакунии феъли дорад ва иборахои феълихоли месозад (ба суи хамёи ишоракунон пичиррос зад)« Феъли хол дар чумла одатан ба вазифаи холи тарзи амал меояд (Абуалиро кашолакунон мебаранд).    Д. Точиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …