Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕРМИ Энрико

ФЕРМИ Энрико

ФЕРМИ Энрико (29. 9. 1901, Рим —28. 11. 1954, Чикаго), физики италияви. Яке аз асосгузорони физикаи ядро, муассиси мактаби илмии Италия ва ШМА, аъзои хоричии Академияи Фанхои СССР (1929). Соли 1938 ба Америка рафта буд. Соли 1925 статистикаи заррахоеро, ки ба принсипи Паули тобеанд, кор карда баромадааст. Соли1934 теоремаи микдории -кохишро исбот кард. Солхои 1934—38 Ферми бо хамкоронаш хосиятхои нейтронро тадкик намуд ва ба физикаи нейтрон асос гузошт. Ферми як катор элементхо (аз он чумла уран)-ро бо нейтрон бомбаборон намуда, радиоактивияти сунъиро мушохида намудааст; ходисахои сустшавии суръати нейтронхоро кашф ва назарияи ин ходисаро пешниход намудааст (лауреати Мукофоти нобели, 1938). Соли 1939 хангоми бо нейтронхои суст бомбаборон кардани ядрои уран аз он хорич шудани 2—3-то нейтрони сареъро нишон додааст. Дар асоси хамин ходиса Ферми бори аввал дар тачриба реаксияи ядроии мусалсалро амали гардонд (декабри 1942). У дар сохаи физикаи заррахои баландэнергия низ тадкикот бурдааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.