Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕОКТИСТОВ Константин Петрович

ФЕОКТИСТОВ Константин Петрович

kos-feoktistov-rz

ФЕОКТИСТОВ Константин Петрович (таваллуд 7. 2. 1926, Воронеж), лётчик-кайхоннаварди СССР. Кахрамони Иттифоки Совети (19. 10.
1964), доктори илмхои техники (1967), профессор (1969). Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941— 45). Баъди хатми Омузишгохи олии техникии ба номи Н. Э . Бауман(1949) дар муассисахои гуногуни тадкикоти илми кор кардааст. 12—13 октябри 1964 якчоя бо В. М. Комаров ва Б. Б. Егоров дар киштии кайхонии бисёрчояи «Восход» ба кайхон парвоз кард. Дар давоми як шаборузи парвоз атрофи Заминро 16 маротиба давр зад. Аъзо-коррспонденти Академияи байналхалкии астронавтика, Кахрамони Мехнати Республикаи Сосиалистии Ветнам мебошад. Лауреати Мукофоти ленини ва Мукофоти давлатии СССР. Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалхо мукофотонида шудааст. Ба яке аз танурахои тарафи нонамоёни Мох номи Феоктистов гузошта шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.