Маълумоти охирин

ФЕЛЕТОН

ФЕЛЕТОН (аз франсави feuilleton, аз feuille — варак, барг), жанри бадеию публисистиест, ки чанбаи танкидию хачви дорад. Яке аз жанрхои маъмули матбуоти даври буда, дар мавзуъхои мухимми руз таълиф мешавад. Фелетон охирхои асри 18 дар матбуоти Франсия хамчун варакаи иловагии газета аз чоп мебаромад. Дар матбуоти совети охири солхои 30 хамчун жанри хачви шинохта шуд. Минбаъд фелетонхо дар мавзуи сиёсати байналхалки ва дигар масъалахои актуали пайдо шуданд.

Фелетон дар адабиёти советии точик пас аз Револютсияи Октябр ба вучуд омад. Аввалин фелетонхо дар журнали «Шуълаи Инкилоб» (1919—21) дарч ёфтаанд. Газетахои «Бедории точик» ва «Точикистони сурх» барои инкишофи жанри фелетон замина гузоштанд. Холо фелетон дар журнали «Хорпуштак» ва газетахои республикави мавкеи мухим дорад. Дар инкишофи ин жанр С. Айни, С. Улугзода, Ч. Икроми, Ф. Мухаммадиев, С. Гани, И. Файзуллоев ва дигар хизмати намоён кардаанд.
Адабиёт: С о л е х о в С., Хачв дар матбуоти точикии солхои 20—30,- Душанбе, 1969; Советский фельетон, Москва, 1959; Журбина Б. И., Теория и практика художественно-публицистических жанров, М., 1969. У. Гулмуродов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …