Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕДЧЕНКО Борис Алексеевич

ФЕДЧЕНКО Борис Алексеевич

fedchenko-ba

ФЕДЧЕНКО Борис Алексеевич (1872—1947), ботаник ва географи совети. Ходими Хизматнишондодаи Илми СССР (1945). Писари А. П. ва О. А. Федченко. Университети Москваро хатм кардааст (1896). Профессори Институти география (1900 —18) ва Университети Ленинград (1918—31). Соли 1897 бори аввал ба Осиёи Миёна сафар карда, пиряхи каторкухи Алатови Таласро омухт. Дар сафархои минбаъдааш ба омузиши харакати пиряххо машгул шуд. Харитаи набототи Точикистонро тартиб дод. Баъди дар Душанбе таъсис ёфтани Базаи точикиотонии Академияи Фанхои СССР то соли 1935 аввал мудири сектори биология ва баъд ботаника буд. Федченко муаллифи зиёда аз 400 асару маколахои илми, аз чумла «Набототи Туркистон» (1915), «Очерки набототи Туркистон» (1925) ва гайра мебошад. Ба зиёда аз 25 намуди растани, ки асосан дар Осиёи Миёна ва аз чумла РСС Точикистон меруянд, номи Федченко гузошта шудааст.
Адабиёт: Рожевис Р. Ю. Борис Алексеевич Федченко. «Советская ботаника», 1940, № 3; Вавилов Н. И. Борис Алексеевич Федченко как ботаник и географ, «Советская ботаника». 1940, № 3.
С. Юнусов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.